Аҳмади Манярӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Манярӣ

Аҳмади Манярӣ احمد منیری Шайх Шарафуддин ибни Яҳё (соли таваллуд номаълум — вафот 1467) — донишманд ва адиби форсизабони Ҳиндустон. Дар шаҳри Маняри вилояти Биҳори Ҳиндустон таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Яке аз машоихи машҳури Ҳиндустон ва пешвои тариқати чиштия буд. Аз таълифоти ӯ ду ҷилд китобе бо номи «Мактуботи Аҳмади Манярӣ» (дар ҳар як ҷилд 100 мактуб) маъруф аст. Ин асар бо забони содаву равон навишта шудааст. Китоби дигар бо номи «Иршод-ус-соликин» дорад дар тасаввуф. Аҳмади Манярӣ «Одоб-ул-муридин»-и Зиёуддини Суҳравардиро (вафот 1167) аз арабӣ ба форсӣ тарҷума ва тафсир кардааст. Қивомуддин Иброҳими Форуқӣ, ки аз муридони Аҳмади Манярӣ буд, асараш «Фарҳанги Иброҳимӣ»-ро «Шарафномаи Аҳмади Манярӣ» ном гузошта, ба Аҳмади Манярӣ бахшидааст. Аҳмади Манярӣ бо номи Шарафи Ҷаҳон низ маъруф аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]


Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]