Аҳмади Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аҳмади Машҳадӣ
форсӣ: أحمد مشهدی
Санаи таваллуд:

ҳазорсолаи II

Зодгоҳ:

Машҳад

Санаи марг:

1608(1608)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

хаттот, хушнавис

Аҳмáди Машҳадӣ (форсӣ: أحمد مشهدی‎ маъруф ба Аҳмад Ҳусайни Машҳадӣ; ? – 1608, Мозандарон) — хаттот ва хушнависи эронӣ, устоди хатти настаълиқ.

Зинадгинома[вироиш]

Давраи наврасӣ ва ҷавониаш дар зодгоҳаш Машҳад гузаштааст. Ҳунари хаттотиро аз Миралии Ҳиравӣ омӯхтааст. Дар зодгоҳаш Машҳад 15 сол ба таълими хаттотон машғул шудааст. Мавлоно Ҳасанлӣ, Мавлоно Алиризо ва Аҳмад ибни Мирмуншӣ аз ҷумлаи шогирдони беҳтарини ӯянд. Қисми зиёди умраш дар мусофират гузаштааст. Дар китобхонаҳои дарбори Абдулазизхон (Бухоро), шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (Озарбойҷон), шоҳ Исмоили II (Қазвин), Мирмуродхон (Мозандарон) ба китобат машғул будааст.

Осор[вироиш]

Асарҳои китобаткардаи Аҳмади Машҳадӣ – «Лавомеҳ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Нузҳат-ул-ошиқин» (Китобхонаи ба номи Салтиков-Шедрини ш. Санкт-Петербург), «Девони ғазалиёти»-и Амиршоҳии Сабзворӣ (Китобхонаи давлатии Эрон) чандин муқаттаот ва мураққаот (китобхонаи Истамбул) то замони мо омада расидаанд, ки бо хатти настаълиқи зебо китобат шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵

Сарчашма[вироиш]