Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Аҳмади Тафаззулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Тафаззулӣ
Таърихи таваллуд 16 декабри 1937(1937-12-16)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 январи 1997(1997-01-15)[1][2] (59 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмади Тафаззулӣ (احمد تفضلی; зод. 7 декабри 1937, Исфаҳон — 12 январи 1997, Теҳрон, Эрон) — забоншинос, эроншинос, пажӯҳишгар, мутарҷим ва мутахассиси забонҳои порсиг, форсӣ ва устоди забонҳои бостонии Донишгоҳи Теҳрон буд. Аз соли 1987 узви Шурои илмии Маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ ва аз соли 1991 муовини илмии Фарҳангистони забону адаби форсӣ буд. Тафаззулӣ аз андаке коршиносони риштаи забонҳои эронии миёна, ба хусус порсиг ва портӣ дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб мешуд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмади Тафаззули 7 декабри соли 1937 дар Исфаҳон зода шуд. Таҳсилоти муқаддамотиро дар Теҳрон гузаронид ва соли 1957 бо дарёфти медали дараҷаи аввали фарҳанг аз Дорулфунун диплом гирифт. Ӯ 14 январи соли 1997 ҳангоми рондани мошин аз донишгоҳ ба самти хонааш ғайб зад ва ҷасади ӯро баъди чанд соат пайдо карданд. Ин куштор дар баробари куштори теъдоде аз пажӯҳишгарон ва рӯшанфикрон рух додааст. Ӯ ҳамчун қурбонии куштори силсилавӣ номида мешавад[3].

  • Вожаномаи «Минуи хирад». Бунёди фарҳани Эрон, 1348.
  • Тарҷумаи «Минуи хирад». Чопи аввал. Бунёди фарҳанги Эрон. 1354.
  • Намунаҳои нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр дар таърихи афсонаии Эрон. Ҷилди 1 аз Артур Кристенсен бо ҳамкории Жола Омӯзгор. Теҳрон, Нашри нав. 1364.
  • Устураи зиндагии Зардушт. Бо ҳамроҳии Жола Омӯзгор. Теҳрон. Нашри чашма. 1370.
  • Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он. Бо ҳамроҳии Жола Омӯзгор. Теҳрон, 1373.
  • Таърихи адабиёти Эрони пеш аз ислом.
  1. 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 1 2 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. روایت متفاوت پورمحمدی از قتل‌های زنجیره‌ای: خودسرانه نبود – DW – ۱۳۹۸/۴/۱۸(форсӣ). dw.com. 18 октябри 2025 санҷида шуд.