Аҳмади Қивом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Қивом
форсӣ: احمد قوام

Таваллуд 2 январ 1876(1876-01-02)
Даргузашт 23 июл 1955(1955-07-23)[1][2] (79 сол)
Мадфан
Ҳизб
Эътиқод ислом ва шиъа
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмади Қивом (форсӣ: احمد قوام‎; 2 январи 1876, Гелон, Эрон — 23 июли 1955а, Теҳрон, Эрон), ҳамчунин маъруф ба Қавомуссалтана (форсӣ: قوام السلطنه‎) — хушнавис ва нахуствазири собиқи Эрон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз кӯдакӣ ба касби муқаддамоти улуми адабӣ пардохт. Дар ҷавонӣ дар иншои расоил ва хушнависӣ шуҳрат ёфта, дар дарбори шоҳи Қоҷор Музафаруддин муншӣ (котиб) буд. Баъд вазифаҳои муовини вазир ва вазири Вазорати ҷангро ба уҳда дошт. Пас аз истиқрори машрутият волии Хуросон таъйин гардид. Дар воқеаҳои соли 1921 дар Машҳад ӯро дастгир карда, таҳти ҳифозат ба Теҳрон фиристоданд, вале дере нагузашта аз зиндон озод ва нахуствазири Эрон таъйин карда шуд. Баъдҳо ба сафар ва саёҳати кишварҳои хориҷа пардохт. Соли 1943 дубора ба нахуствазирӣ расид ва дар рафъи фалокати (офати) Озарбойҷон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Соли 1953 бори дигар нахуствазир таъйин шуд, вале пас аз чанд рӯз ба сабаби беморӣ истеъфо дода, соли 1956 дар 77-солагӣ вафот кард. Ӯро дар мақбараи хонаводагӣ дар Қум ба хок супориданд.

Аҳмади Қивомуссалтана хатти шикастаи настаълиқро устодона менавишт ва бо хатти настаълиқи зебо чанд асарро китобат кардааст. Соли 1933 мураққаи (шомили даҳ руқъа) муноҷоти ҳазрати Алӣ ибни Абитолибро бо хатти зебо ба таври олӣ китобат кардааст, ки дар Китобхонаи салтанатии Эрон маҳфуз аст. Як маҷмӯаи китобаткардаи ӯ, ки шомили қасидаҳои дар мадҳи Музаффаруддиншоҳ гуфташуда мебошад, низ дар ҳамин китобхона аст. Ду қитъаи бо хатти настаълиқи зебо навиштаи вай дар Китобхонаи миллии Теҳрон маҳфуз мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]