Ӯткур Аҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳмадов Ӯткур)
Ӯткур Аҳмадов
Ӯткур Улуғназарович Аҳмадов
Таърихи таваллуд 11 сентябр 1953(1953-09-11) (70 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ дотсент

Ӯткур Улуғназарович Аҳмадов (11.09.1953, Душанбе) — педиатр, номзади илмҳои тиб (2000), дотсент (2009).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯткур Улуғназарович Аҳмадов дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил кардааст (1972–78). Пизишки интерни Беморхонаи клиникии кӯдаконаи № 1 Душанбе (1978–79), пизишки боварии шуъбаи суғуртаи Ит. касабаи ҶТ (1979–80), педиатр, муд. шуъбаи полиомиелити Беморхонаи клиникии кӯдаконаи № 2 Душанбе (1980), муд. шуъбаи полиомиелити Беморхонаи клиникии сироятии Душанбе (1980–1996), ҳамзамон ассис. каф. асабшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1991–2001), ассис. каф. беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2001–04), дотс. каф. беҳдошти муҳити зист ва тибби меҳнат (2004–05), дотс. каф. беҳдошт ва экология (2005–2007), ҷон. дек. ва ҳамзамон мутах. офиси бақайдгирӣ оид ба системаи кредити фак. нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии ДДТТ (2006–2010). Аз соли 2009 – дотсенти кафедраи Беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2000 дар мавзӯи «Циркуляция микроорганизмов в хирургических стационарах и их эпидемиологическое и гигиеническое значение» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муаллифи 85 мақолаи илмӣ ва 3 кит. дарсӣ, аз ҷумла «Заболевания периферической нервной системы» (Д., 2006 ), «Беҳдошти меҳнат» (Д., 2011), «Беҳдошти коммуналӣ» (Д., 2011) ва 25 дастури методӣ.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6