Аҳмадшоҳи Масъуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Аҳмадшоҳи Масъуд
порсӣ: احمد شاه مسعود
Ahmad Shah Masoud.jpg
Вазири мудофиаи Афғонистон
майи 1992 — сентябри 1996
Пешгузашта: Муҳаммад Аслам Ватанҷор
Ҷонишин: Убайдулло Охунд
 
Саннаи таваллуд: 2 сентябр 1953({{padleft:1953|4|0}}2|0}{{padleft:2|2|0}})
Базарак[d]]]
Марг: 9 сентябр 2001({{padleft:2001|4|0}}2|0}{{padleft:9|2|0}})[1] (48 сол)
Тахар, Афганистан
 
Сайт: ahmadshahmasoud.com
 
Хизмати ҳарбӣ
Солҳои хизмат: 19782001
Мансубият:  Афғонистон
Рутба: Фармондеҳи муҷоҳидин,
Вазири мудофиаи Афғонистон
Фармондеҳ: Иттифоқи шимол
Ҷанг: Шӯриши Панҷшер,
Ҷанги Афғонистон,
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон

Аҳмадшоҳи Масъуд (порсӣ: احمد شاه مسعودAhmad Šāh-e Mas'ūd, 2 сентябри 19539 сентябри 2001) — абармарди сиёсат ва сипоҳсолори маъруфи Афғонистон, вазири мудофиаи Афғонистон (19921996). Қаҳрамони миллии Афғонистон (2002). Миллаташ тоҷик. Машҳур бо лақаби Шери Панҷшер (порсӣ: شیر پنجشیرŠēr-e Panjšēr). Масъуд — тахаллусаш, ки дар забони арабӣ маънои «Хушбахт»-ро дорад ва онро соли 1975 дар вақти аввалин шӯриш дар водии Панҷшер – якумин баромади силоҳии опозитсионии исломӣ дар Афғонистон гирифта буд [2][3].

Зиндагинома[вироиш]

Дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалак, Шимолии Кобул дар оилаи полковники полис Шоҳӣ Дӯст Муҳаммадхон таваллуд ефтааст. Дар дабистони Истиқлол сабақ омӯхтааст.

Соли 1970 – дар синни 17 солагӣ Аҳмадшоҳ ба худ тахаллуси Масъудро («хушбахт») гирифт. Дар соли 1973 ба Донишгоҳи политехникии шаҳри Кобул дохил шуд (донишкадаи сохтмон ва архитектурӣ), вале баъд аз ислоҳоти Шоҳ Довуд соли зикркарда ба Пешовари Покистон муҳоҷирӣ кард. Дар онҷо бо мухолифини исломӣ, ки Бурҳонуддин Раббонӣ сарварӣ мекард ҳамроҳ шуд.

Соли 1975 дар шӯриши бебарори Панҷшерӣ бар зидди диктатураи Довуд иштирок намуд. Ахмадшоҳ, бо захми пой дар майдони ҷуворимакка пинҳонӣ дошта бо аҷоибот аз ҳабс наҷод ефт – лашкарон аз пеши ӯ гузашта рафтанд.

Ветерани ҷанги 1979-1989 дар Афғонистон. Бар зидди ӯ лашкарони Иттиҳоди Шӯравӣ 9 маротиба оператсияҳои ҷангӣ ташкил намудаанд, аммо ягон маротиба ғолиб нагардидаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 1988 духтари ёрдамчии наздики худро ба занӣ гирифт. Дорои 6 фарзанд гардид, ки яке аз онхо писараш Аҳмад дар шаҳри Эрон Машҳад сабақ омӯхтааст.

Машҳур бо он ки ягона сарлашкари муҷоҳидин мебошад, ки дар соли 1982 бо қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи сулҳ бастааст.

Бо ҳамроҳхи Раббонӣ ба ҳизби исломии аҳли Афғонистон сарварӣ кардааст, дар аввалҳои соли 1990 барои сохтани давлати алоҳидаи зиддипаштунӣ бо сарварии тоҷикон дар Шимолии Афғонистон баромад кардааст. Орзуе дошт, ки давлати мустақили тоҷиконро аз сарҳади ҳозираи Ҷумҳурии Исломии Эрон то Самарқанду Бухоро таъсис диҳад.

Баъд аз баровардани аскарони шуравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, бар аҳолии истиқлоли тоҷикон, ки шумораи 7,5 миллион нафар дошт ва ҳамчун худуди зисти худ Шимолу Шарқии Афғонистонро ташкил мекард ( маҳалҳои Парвон, Таҳор, Бағлон, Бадахшон ва ҳоказо) бо пойтахташ дар Толуқон, «Масъудистон» номидаанд дорои ҳукумати шахсӣ, пул ва силоҳи хуб бо 60 ҳазор нафар сарбоз бунёд карда сарварӣ кардаст.

Масъуд 9 сентябри соли 2001 дар вақти интервю кушта шуд (террористони худкуш худро рӯзноманигор хонда , дар камера ҷисми таркандаро пинҳон кардаанд). Бо маълумотҳои дигар, 15 сентябри соли 2001 аз захм дар яке аз беморхонаҳои Душанбе ҷон додаст. Яъне дар охир бо даромадани Алянси Шимолӣ ва оператсияи зиддитеррористии ИМА ва ҳокимияти толибон дар Афғонистон ба охир расид. Вуҷудияти «Масудистон» бошад аз байн рафт. Пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд, танзим ва истиҳкоми гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар мубориза алайҳи Толибон ба як чолиши аслӣ барои Қасими Фаҳим табдил шуд, аммо ба дунболи фурӯпошии гурӯҳи Толибон ва баргузории иҷлоси Бонн, Фаҳим ба унвони муъовини аввали давлати муваққат ва вазири дифоъи Афғонистон таъйин шуд.

Мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер
қабри Аҳмадшоҳи Масъуд

Шахсият[вироиш]

Бо дӯстонаш Аҳмадшоҳи Масъуд сӯҳбати хуб дошт, лек наметавонист аз фикр барорад беиззатии онҳоро бар худ, дар сӯҳбати ҷамъияти содда ва кушод буд, лек дар гирди мардумон ҳаракат мекард кам намоен бошад, бо душманонаш хуб рафтор мекард, хабсафтодагонро намекушид, лек ҳеҷ вақт фурӯшгардидагонро намебахшид. Сабри олӣ дошт, оиди он бисер насиҳатҳои тарбиявӣ медод, мегуфт, агар ягон воқеае шавад ва шуморо аз худ барорад, ҳаракат карда худро ором намоед ва ба худ гуед: «ман сабр карда метавонам ва карданам лозим», бо чунин тарз ба сабру тоқати хеш сардори карда метавонед, ӯ мегуфт. Ҷасур буд ва ҷасуронро, болаеқатмандонро дӯст медошт. Ба ҳама сабақ омӯхтанро насиҳат мекард, олимон ва дӯстдорони илмро гуш карданро дӯст медошт, ва аз саволу чавоб монда намешуд. Шахси фикрандеш буд, ҳеҷ гоҳ ягон кореро сар намекард то ҳамон замоне, ки ба худ боварии мустаҳкам пайдо накунад. Шахси эътиборнок буд, ҳеҷ чизро аз пеши назар нагузаронида намемонд, одамони воҳимагиру ба хар гуна чиз боваркунандагонро дӯст намедошт ва ҳангоми бо онҳо сӯҳбат рондан онҳоро ба ҳолати ноқулай мемонд. Ӯ лаеқати ба худ ҷалб кардани хамсӯҳбаташро дошт ва дар кадоме ҷамъомад набошад арзи ҳастии ӯро ҳис карда мешуд, дар чунин тарз бо у бедушворӣ ва бехиҷолат ҳамсӯҳбатӣ карда мешуд. Дар вақти ҳамсӯҳбатӣ додситониро дӯст намедошт, тарбияро арзиш мекард, дар ҷамъомадҳо ҳамеша одобу ахлоқро нигаҳ медошт, ки ин хислатҳо ба назар меафтоданд. Китоб хонданро бисер дӯст медошт, ҳамеша бо худ китоб дошт, бисери вақт саллаашро, соаташро ва дигар чизҳояшро аз фикраш мебаровард ,лек китобашро ҳеч гаҳ аз ед намебаровард. Варзишро дӯст медошт, ва камина варзишгар буд, бо бокс, таеквондо, футбол, волейбол, шиноварӣ машғули дошт. Гарчанде ,ки шиновариро бисер дӯст медошт ,вале дар назди шахсони бегона шарм медошт либосашро кашад, вақте , ки шарм медошт, нохоҳона механдид ва дар пешониаш рахҳои хобида пайдо мешуданд. Дар забони дарӣ (тоҷикӣ), пашту ва франтсавӣ озод гап мезад. Хурок хӯрданро дӯст медошт, лек кам мехӯрд. Аз таомхо шӯрбо ва шашликро дӯст медошт ва аз меваҳо ҳамаашро мехурд, аммо асосан себ ва нокро бисер дӯст медошт. Чойи кабуд менӯшид, вай чои кабудро чойи мардона мегуфт, гайр аз он нӯшидани ширчойро бисер дӯст медошт( аз чойи сиеҳ, шир ва намак, базан ба вай чумоқ ва гелосро ҳамроҳ мекунанд тайер карда мешавад ва дар маҳалҳои Шимолии Афғонистон машҳур аст).

Акси берунӣ[вироиш]

Либосҳои сафедро пушидан писанд медонист, хусусан бо рахҳои кабуд е сафеди тира, ҳамавақт тоза, дар куҷо набошад ҳама вақт ба тозагӣ аҳамияти калон медод. Акси берунӣ: қаду басти миена, мӯи сиеҳи каме баланд, қушбинӣ, рӯи хароб, пӯсти сафед, Тани бардам бе равған. Бародари хурдии Аҳмадшоҳ – Аҳмадзие Масъуд (рӯзи таваллуд 1 майи 1956), дар тӯли солҳои 2002-2004 сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Русия буд, аз соли 2004 сарвазири аввалини Ҳукумати Афғонистон.

Нигаред[вироиш]

Филмҳо дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Искандаров Қ. Афғонистон дар ибтидои қарни XXI. Д., 2010.
  • أحمدشاه مسعود. شهید راه صلح و آزادی. جلد ۱. کابل، ۲۰۰۳