Аҳмадҷон Юлдошев
Аҳмадҷон Юлдошев | |
Таърихи таваллуд | 13 май 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Аҳмадҷон Юлдошев (25.03.1950, д. Чимқӯрғони ноҳияи Панҷакент), омӯзгор. Номзади илмҳои педагогика.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадҷон Юлдошев дар факултети шарқшиносии (бахши форсии) УДТ ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1968–1973). Муаллими заб. форсии мак. миёнаи № 73 н. Рӯдакӣ, (1973–1975), сартарҷ. Улуми тиббии ҳарбии Афғонистон (1975–79), муҳаррири ред. адабӣ ва муҳар. калони ред. заб. хориҷии Радиои тоҷик (1980–1982), ход. калони илмии ИТИИПТ (1982–1988), муаллими калони заб. ва адаб. тоҷ. Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1988–1991) Соли 1990 дар мавзӯи «Тарбияи даҳригии хонандагон дар мактаб ва оила» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Соли 1991 бар асари воқеаҳои маълум бо аҳли оила ба Самарқанд бозгаштааст: муаллими калони каф. маданиятшиносии Институти тиббии Самарқанд (1991–93), муаллими калон (1993–98), муд. кафедраи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ (1998–2005), дотсенти каф. заб. тоҷ. ва заб. шарқи ДД Сам (2005–2007), мудир (2007–2012) ва аз с. 2012 дотсенти каф. назарияи заб. ва заб. шарқи Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд. Муаллифи рисолаи «Тарбияи атеистии хонандагон дар мактаб ва оила» (Д., 1988, «Маориф») ва беш аз 30 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ. Солҳои охир бо тадқ. масъалаҳои илмии тарҷ. аз русӣ ба форсӣ ва аз форсӣ ба русӣ, фонемаи заб. муосири форсӣ машғул аст. Бо медали «Ветерани амалиётҳои ҷангӣ» (Афғонистон, 2007) ва ҳамчунин Грам. Фахрии Ваз. маор. Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 13 май
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон