Аҳмадҷон Ҳамдӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмадҷон Ҳамдӣ

Аҳмадҷон Ҳамдӣ (1875—1946) — шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аҳмадҷон Ҳамдӣ соли 1875 дар Шаҳри Cабз дар хонадони қозии бухориасл Абӯсайид Махсум таваллуд ёфтааст. Падару бобояш Наҷмиддин-Махдум одамони бомаърифати замон будаанд. Баъди фавти Абӯсайид-Махдум ҳамсару ду писари хурдсолаш ба Бухоро баргаштаанд. Он солҳо Аҳмадҷон 6-сола буда, дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардаву соҳиби маълумот шудааст. Дар илму дониш яке аз беҳтаринҳо ба шумор рафта, ба гирифтани «даҳяк» – идрорпулии амирӣ мушарраф гардидааст.

Фаъолияти эҷодии шоир хеле пештар аз Инқилоби Бухоро (1920) сар шуда, дар он солҳо бештар дар соҳаи маориф фаъолият бурдааст.

Аҳмадҷон Ҳамдӣ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар давоми солҳои 1910-1917 дар таъсиси мактаби усули нав, саҳмгузорӣ кардаанд. Ҳукумати амирӣ, ки ба саводнокии халқи маҳаллӣ манфиатнок набуд, таъсисдиҳандагони чунин макотиби ҷадидро таъқиб мекард. Ҳамдӣ ва ҳамсафони ӯ маҷбур шудаанд, ки фаъолияташонро махфиёна пеш баранд.

Соли 1917, аз сабаби пурқувват гардидани таъсири қувваҳои иртиҷоӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ ба Тошканд фирор карда, ба сафи инқилобиюн дарпайвастааст. Ӯро дар арафаи Инқилоби Бухоро раиси Кумитаи инқилобӣ таъйин намудаанд ва мебойист ин вазифаро баъди ғалабаи инқилоб ҳам иҷро мекард. Аммо баъди аз тарафи Русияи болшевикӣ (таҳти фармони М. Фрунзе) бомбаборон гардидани Бухоро шоир аз вазифа истеъфо дода, бо ҳамин эътирозашро нисбат ба ин амалиёт баён намудааст.

Баъди ғалабаи Инқилоби Бухоро дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, ба ҳайси вазири таъминоти иҷтимоӣ ва вакили Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Маскав кор кардааст. Соли 1925 ба нафақа баромада, ба фаъолияти эҷодӣ ва таълифу таҳрир машғул шудааст.

Яке аз давомдиҳандагони муваффақи анъанаҳои назми классикии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ашъораш аз рубоӣ, ғазал, маснавӣ, қитъа иборатанд. Ӯро ҳамчун Устод Айнӣ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим пайрави эҷодиёти Муҳаммадсидиқи Ҳайрат меҳисобанд. Ғазалиёти Ҳамдӣ хеле содаю равон, ҳаяҷонбахш ва самимӣ мебошанд. Дар ашъори худ ӯ халқу ватан, дӯстию муҳаббат, кору меҳнат, озодию ҳуррият, осоишу амниятро тараннум кардааст. Шеърҳои «Баҳори меҳнат», «Гулдастаи дунё», достони «Писари пахтакор ва духтари зарбдор» аз намунаҳои беҳтарини ашъори Ҳамдӣ дар мавзӯъҳои номбурда ба шумор мераванд.

Аҳмадҷон Ҳамдӣ барои кӯдакон ҳам эҷод кардааст, ки шеърҳои «Сангину Парвин», «Лола ба хола», тарҷумаи асарҳои А.С.Пушкин «Қиссаи моҳигир ва моҳии тило», С.Маршак «Мушаки нодон» ва бисёри дигарон аз ҷумлаи онҳостанд.

Аз ашъори шевои тоинқилобии Аҳмадҷон Ҳамдӣ фақат иддае дар тазкираю баёзҳои ибтидои асри ХХ боқӣ монда, аксарашон ба коми боди фано рафтаанд.

Эҷодиёти баъдиинқилобии Ҳамдӣ, асосан, тавассути маҷаллаю рӯзномаҳо ба табъ расидааст. Дар давоми барҳаёт будани шоир маҷмӯаи рубоиёташ «Чоргонаҳои ранҷбарона» (1934), достони ҳуҷҷатии «Салимҷон Ҷалилов» (1935), ашъори «Гулдастаи дунё» (1937) дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расидаанд.

Баъди фавти шоир, соли 1960, достони ҳаҷвии ӯ «Каримбой дар хонаи Худо», соли 1963 «Маҷмӯаи асарҳо», соли 1979 шеърҳои «Сангину Парвин» ва «Лола ба хола» дар ҷилди якуми «Тазкираи адабиёти бачагон», соли 1983 достони «Каримбой дар хонаи Худо» ва соли 1990 шеъри «Сангину Парвин» алоҳида нашр шудаанд. Соли 1988 достони «Каримбой дар хонаи Худо» ба забони русӣ, дар тарҷумаи Татяна Стрешнева, ба чоп расидааст.

Баъди Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон (1935) Аҳмадҷон Ҳамдӣ бо пешниҳоди Устод Айнӣ ба раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мушовири адабӣ ба кор даъват шуда, ба адибони ҷавон, аз ҷумла, Ғанӣ Абдулло, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва кормандони театру кинои навбунёди тоҷик мадади ҳамаҷонибаи эҷодӣ расонидааст.

Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1937 зиндонӣ гардида, соли 1946 дар ҳамон ҷой вафот кардааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]