Jump to content

Аҳмад Алихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмад Алихон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Аҳмáд Алихóн (форсӣ: احمد علی خان‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот, хушнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (асри XVIII).

Ба қавли муаллифи «Риёз-уш-шуаро» Аҳмад Алихон хоҳарзодаи волии Ҳиндустон Саодатхон Баҳодур Зулфиқори Ҷанг ва ба қавли муаллифи «Сафинаи ҳиндӣ» хоҳарзодаи Содотхон Зулфиқор аст, ки вайро ба фарзандӣ қабул карда буд. Хатти настаълиқ ва шикастаро покизаву хуб ва дуруст менавишт. Шахси бофазлу дониш буд. Табъи шоирӣ дошт ва бо тахаллусаш «Иззат» шеър мегуфт. Ҳангоми таълифи «Риёз-уш-шуаро» (1756/57) ҷавон буд ва Вола Ҳомидхоҷа ибни Раҳматуллоҳ бо вуҷуди ҷавонӣ ӯро ситоиш кардааст.

  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵