Аҳмад Гулчини Маъонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмад Гулчини Маъонӣ
Таърихи таваллуд: 8 январ 1917(1917-01-08)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 май 2000(2000-05-05) (83 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Аҳмад Гулчини Маъонӣ (форсӣ: احمد گلچین معانی‎; 8 январ 1917, Теҳрон5 май 2000, Машҳад) — шоир ва адабиётшиноси Эрон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмад Гулчини Маъонӣ узви Анҷумани адабии «Ҳаким Низомӣ» ва яке аз муассисони Анҷумани адабии Эрон буд. Аз тарафи Анҷумани Фарҳангистони Эрон се давра ба вазифаи дабири аввал ва раёсати дабирхона интихоб шудааст. Ашъори сиёсию иҷтимоӣ ва танқидии ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳои Эрон бо имзоҳои мустаори «Симурғ», «Сиҷофи дафтар», «Шоирбошӣ», «Сориқи девон» ва ғ. чоп шудаанд. Барои ҷилди аввали «Таърихи тазкираҳои форсӣ» мукофоти «Беҳтарин китоби сол»-ро гирифтааст. Таълифоти муҳимтарини Аҳмад Гулчини Маъонӣ: «Девони ашъор», «Гулзори маонӣ» (маҷмӯаи осори адабӣ, илмӣ ва хаттотони машҳури Эрон), «Шаҳрошӯб дар шеъри форсӣ», «Таърихи тазкираҳои форсӣ» (2 ҷилд), «Тазкираи паймона», «Гулшани ҳунар» ва ғ. Ӯ инчунин матнҳои интиқодии «Тазкираи майхона»-и Мулло Абдуннабии Фахруззамонии Қазвинӣ, «Таърихи Муллозода», «Латоифу-т-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ ва ғ.-ро ба чоп ҳозир кардааст. Аҳмад Гулчини Маъонӣ ҳамчун шоир ҳам дар тамоми навъҳои шеър тавоно буд:

Ҳар хуфта муддаист, ки бедор гаштаам,
Ҳар маст қоил аст, ки ҳушёр гаштаам.
Бисёр гуфтаам, ки дило, дар миёни халқ
Аҳли вафо маҷӯй, ки бисёр гаштаам.
Чандон ба даҳр дар раҳи кӯтоҳи зиндагӣ,
Дидам баланду паст, ки ҳамвор гаштаам.
Ман, к-аз ғурур панҷа ба хуршед мезадам,
Афтодатар зи сояи девор гаштаам…
Гулчин, фузунтарам ба хирад аз замони хеш,
З-он рӯ ба чашми аҳли замон хор гаштаам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]