Ҳабаши Ҳосиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабаши Ҳосиб
араб. ар. أحمد المروزي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: риёзидон, ахтаршинос
Таърихи таваллуд: 766
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 874 ё 870
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом

Фаъолияти илмӣ
Самти фаъолият: риёзиёт ва ахтаршиносӣ
Корфармо:
Вироиши Викидода

Абуҷаъфар Аҳма́д ибни Абдуллоҳи Марвазӣ (ар. أحمد المروزي‎), маъруф ба Ҳабба́ша-л-Ҳосиб (ар. حبش الحاسب‎; Марв, тақ. 770Бағдод, тақ. 870) — ҳайатшинос ва риёзидони араб.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бағдод дар замони Маъмуни Муътасим ва пас аз он зиндагӣ кардааст. Узви мактаби илмии Бағдод. Солҳои 825—835 мушоҳидаҳои нуҷумӣ анҷом додааст. Аҳмади Марвазӣ дар таърихи илм яке аз бузургтарин риёзидонон ва ҳайатшиносони замонааш шинохта шуда, лақаби «ал-ҳосиб» («ҳисобдон»)-ро соҳиб гаштааст ва бо номи «ҳабаш ал-ҳосиб» ёд мешавад.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз таъ­лифоти ӯ 14 рисолаи ҳайатшиносӣ ва 2 рисолаи риёзиаш ба мо маълум аст, ки дар инкишофи баъдинаи ин илмҳо нақши муайяне гузоштаанд. Рисолаи «Ал-амал би-л-устурлоб-ил-кури ва аҷоибуҳу» («Амал бо устурлоби куравӣ ва аҷоиботи он»), «Китоб-уд-давоир ас-салос ал-мамосса ва кайфиййа ал-ивсол» («Китоб дар бораи се давраи баҳамрасанда ва усули алоқамандии онҳо»), «Китоб са­но ал-устурлоб ал-мусаттаҳ» («Китоб дар бораи сохтани устурлоби мусаттаҳ»), «Ар-рисола ал-комила фӣ-р-руъйо ал-ҳилол» («Рисолаи комил дар бораи дидашавандагии моҳи нав»), «Китоб ал-арсод фӣ Бағдод» («Китоб дар бораи мушоҳидаҳо дар Бағдод»), «Ар-ри­сола фӣ расад Димишқ» («Рисола дар бораи мушоҳида дар Димишқ») ва ғайра аз ҷумлаи таълифоти Аҳмади Марвазӣ мебошанд.

Аҳмади Марвазӣ муаллифи се зиҷи нуҷумӣ аст, ки намунаи онҳо «Синд-ҳинд» («Шарҳи зиҷҳои ҳиндӣ»), «Арканд» («Зиҷи шоҳӣ») дар китобхонаҳои Берлин ва Истамбул маҳфузанд. Дар таърихи илми мусалласот (тригонометрия) мафҳуми «залл» («тангенс») ва «залли тамом» («котангенс»)-ро ҷорӣ карда, ҷадвали ин функсияҳоро сохтааст. Аҳмади Марвазӣ усули ҳалли муодилаи трансендентии t = Ɵ — ksinƟ-ро, ки дар Назарияи инҳирофи манзар истифода мешавад, пешниҳод намуд. Дертар ин муодила дар Аврупо бо номи «муодилаи Кеплер» машҳур шуд (1619). Аҳмади Марвазӣ ҳамчунин дар инкишофи назарияи мусалласоти куравӣ (тригонометрияи сферавӣ) саҳми бузург гузошта, доир ба устурлоб ва сохти соатҳои офтобӣ низ рисолаҳо навиштааст. Писари Аҳмади Марвазӣ — Абуҷаъфар ибни Аҳмади Марвазӣ, ки бештар бо номи Абуҷаъфар ибни Ҳабаш вомехӯрад, низ ҳайатшиноси шинохта ва созандаи асбобҳои нуҷумӣ дар замони худаш будааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]