Аҳмад ибни Моҷид
Аҳмад ибни Моҷид | |
---|---|
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | ҷуғрофиёдон, нақшанигор, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 1432 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1500 |
Эътиқод: | ислом |
![]() |
Шиҳобуддин Аҳмад ибни Моҷид (ар. أحمد بن ماجد; 1432, Раъсу-л-Хайма[d] — 1500) — нақшанигор, новбар ва дарёнавард, ҷуғрофиёдон ва нависандаи садаи XV. Ӯ аз беҳтарини донандагони роҳҳои дарёии халиҷи Форсу уқёнуси Ҳинд шинохта мешуду шуҳраташ дар ғарб бештар ба далели роҳнамоӣ ӯ ба Воску до Гомо барои расидан ба Ҳинд буда аст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳнавардиро дар назди падар ва бобояш, ки ҳирфаи нохудоӣ доштанд, омӯхтааст. Дар осораш бо ифтихор худро «Асаду-л-биҳор» (шери баҳрҳо), «Нозиму-л-қиблатайн» (шоири ду қибла – Макка ва Байтулмуқаддас) ва «Ҳоҷию-л-ҳарамайн» (ҳоҷии ду ҳарам) номидааст. Аз се муаллими бузурги дарёнаварди аҳди Аббосиён: Муҳаммад ибни Шозон, Саҳл ибни Аббон ва Лайс ибни Каҳлон низ ба эҳтиром ёд карда, онҳоро аз пешиниёни худ номида, аз илму осорашон интиқод кардааст. Солҳои 1497–98 зимни гузаштан аз соҳили шарқии Африқо то Милиндиву ш. Калкуттаи Ҳиндустон роҳнамои эскадраи киштии дарёнаварди португалӣ Васко да Гама буд. Ибни Маҷид муаллифи зиёда аз 40 асари назарӣ ва амалии илми дарёнавардӣ мебошад, ки қисми ками онҳо маҳфуз мондаанд. Куҳантарин нусхаи осори И. М ба соли 1462 рост меояд. Аксарияти таълифоташро дар шакли шеър ва насри мусаҷҷаъ навиштааст. Китоби «ал-Ҳовия» намунаи ин гуна асарҳост. Машҳуртарин китоби Ибни Маҷид «Китобу-л-фавоид фӣ усули илму-л-баҳр ва-л-қавоид» (Китоби фоидаҳо дар усул ва қоидаҳои илми баҳрнавардӣ, 1475–90) мебошад. Муаллиф дар 12 боби он дар бораи таърихи илмҳои дарёнавардӣ, ҷуғрофиё, ситорашиносӣ (аз рӯи ситораҳо муайян кардани макони ҷойгиршавии киштиҳо) маълумот дода, аломату нишонаҳои наздикии Замин ва тартибу низоми вазиши бодҳо, хатти сайри роҳҳои б. Сурх, хал. Форс ва уқ. Ҳиндро шарҳ додааст. Таълифоти Ибни Маҷид аз рушди дарёнавардии мардуми Шарқ дар асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳад. Маълумоти дар асарҳои Ибни Маҷид ҷойдоштаро аврупоиён зимни убури уқёнус ва аз Африқо ба Ҳинд гузаштан истифода кардаанд. Дар осорхонаи Ин-ти шарқшиносии АИ ИҶШС се намуна аз осори назмии Ибни Маҷид маҳфуз аст, ки дар онҳо хатти сайри роҳҳои Ҷидда ба Адан ва баҳрнавардии байни Ҳиндустон, ҷаз-ҳои Сейлон ва Ява шарҳ дода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Маҷид // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- "Encyclopaedia of Islam (12 vols.)" (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. 1960–2005. Шаблон:Citation error. https://referenceworks.brillonline.com/search?s.q=&s.f.s2_parent=s.f.book.encyclopaedia-of-islam-2&search-go=Search.