Аҳмад ибни Ҷаъфар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмад ибни Ҷаъфар

Аҳмáд ибни Ҷаъфáр (англ. احمد ابن جعفر; ? — қарни X) — волии Хатлон дар аҳди Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи Аҳмад ибни Ҷаъфар маълумоти кофӣ дар даст нест. Муаррихи маъруфи садаи XI Абусаиди Гардезӣ дар китоби «Зайн-ул-ахбор» ишора менамояд, ки Аҳмад ибни Ҷаъфар аз муқаррабони сипаҳсолори Хуросон Абуалӣ ибни Муҳаммад ибни Музаффар ибни Муҳтоҷ буд, дар набардҳои ин сипаҳсолор бо лашкари амири сомонӣ иштирок доштааст. Аз ҷумла, ҳангоми як набард дар соҳили рӯди Кофарниҳон Аҳмад ибни Ҷаъфар сипаҳсолори худ — Баҷкамро бо сипоҳи бисёр ба хидмати Абуалӣ эъзом дошт. Абуалӣ бо ин сипоҳи анбӯҳ лашкари амири сомониро муҳосира кард ва роҳашро ба Бухоро баст. Баъди бист рӯзи муҳосира дар вазъияти хеле мушкил амири Бухоро маҷбуран сулҳ баст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]