Jump to content

Аҳмад Ҳусейн ал-Ғашимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмад Ҳусейн ал-Ғашимӣ
ар. أحمد حسين الغشمي
11 октябр 1977 — 24 июн 1978
Пешгузашта Ibrahim al-Hamdi[d]
Ҷонишин Abdul Karim Abdullah al-Arashi[d]

Таваллуд 21 август 1941(1941-08-21)
Даргузашт 24 июн 1978(1978-06-24) (36 сол)
Ҳизб
Эътиқод ислом
Навъи артиш Republic of Yemen Armed Forces[d]
Рутба генерал
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмад Ҳусейн ал-Ғашимӣ ( ар. أحمد حسين الغشمي1941 - 24 июни соли 1978 ) - сарбоз ва арбоби давлати Яман ; президенти чоруми Ҷумҳурии Ямани Араб .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар деҳаи Дела дар [1] Санъо таваллуд шудааст. Вай баъди инқилоби соли 1962 сарбоз шуд. Вай кумондони дивизияи 1-уми танкчиён буд. Ӯ яке аз созмондиҳандагони табаддулоти 13 июни соли 1974 буд ва дар вазифаҳои сардори ситоди генералӣ ва муовини раиси Шӯрои фармондеҳии ҳарбӣ кор мекард.

Баъди кушта шудани президент Ал-Ғамдӣ 11 октябри соли 1977 Шӯрои Фармондеҳии Ҳарбӣ ба Шӯрои президентӣ иборат аз се нафар: ал-Ғашимӣ (раис), сарвазир Абдулазиз Абдул Ғанӣ ва узви собиқи Шӯрои фармондеҳии ҳарбӣ Абдул Олим [2]

Дар давраи хукмронии ӯ Маҷлиси муассисони халқӣ даъват карда шуд, ки он асосан вазифаи маҷлисро дошт. Аксари вакилони онҳоро низомиён таъин мекарданд. Кувваҳои мухолифин дар ҳайати ҷабҳаи миллим демократии чап, ки Ямани Чанубиро тарафдорй мекарданд, муттахид шуданд.

Қатли Аҳмад Ғашимӣ дар ҷараёни мулоқоташ бо фиристодаи раисиҷумҳури Ямани ҷанубӣ Салим Рубоӣ Алӣ сурат гирифт. Ҷомадон, ки гӯё паёми шахсӣ ва махфӣ дошт, таркид ва ҳам Ғашимӣ ва ҳам фиристодаро кушт.

  1. A History of Yemeni Presidents. 30 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2013.
  2. Густерін П. В. Єменська Республіка та її міста. М. 2006, стор. 178