Аҷоибу-д-дунё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Аҷоибу-д-дунё» (ар. عجائب الدنیا‎; номи дигар «Аҷо­ибу-л-ашё») — асари муаллифи номаълуми садаи XIII оид ба аҷоиботу ғароиби кишварҳои олам, ки ба забони форсӣ таълиф шудааст.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал (асосӣ) ҳикоятҳои гуногунро оид ба аҷоиботи дунё, ки дар замони гузашта рӯй додаанд, дар бар мегирад. Дар қисми дуюм тавсифи ҷуғрофии кишварҳои гуногуни дунё (номашон ба тартиби алифбоӣ оварда шудааст) омадааст. Ин ду қисми асарро як фасли хурде, ки чун хотимаи қисми аввал ва дебочаи қисми сонӣ хидмат мекунад, васл менамояд. Аз рӯйи муҳтаво маълумоти дар «Аҷоиб-уд-дунё» омадаро ба ду фасл – адабӣ-бадеӣ ва таърихӣ-ҷуғрофӣ тақсим кардан мумкин аст. Ба фасли аввал достону ҳамосаҳои мардумони эронинажод, ривояту афсонаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ ва ғайра дохил мешаванд. Достону ривоятҳои ҳамосии дар «Аҷоиб-уд-дунё» омадаро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гар­шоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Шарафнома»-и Ҳофизи Таниш ва ғайра дидан мумкин аст. Тавсифҳои ҷуғрофиёию таърихӣ ва этнографии кишварҳо, вилоятҳо, шаҳрҳо ва халқу қавмҳои Шарқ (Чин, Ҳиндустон, Хуросон, Мовароуннаҳр, Озарбойҷон, Гурҷистон ва ғайра) ба фасли таърихӣ-ҷуғрофиёӣ мансубанд.

Аз «Аҷоиб-уд-дунё» олимон, адибон, шоирони форс-тоҷик, араб, турк (Закариёи Қазвинӣ, Ҳофизи Абрӯ, Абулҳасани Ҷурҷонӣ, Дарвеши Балхӣ, Тоҳир ибни Абулқосим, Биноӣ, Аҳмади Чалабӣ ва дигарон) истифода карда, дар асоси он асарҳо таълиф намудаанд. Фасли адабӣ-бадеии «Аҷоиб-уд-дунё», ҳикоятҳову ривоятҳо, достонҳои дар он овардашуда аҳаммияти бадеӣ доранд ва сарчашмаи насри бадеии форс-тоҷик ба шумор мераванд. Як нусхаи дастнависи «Аҷоиб-уд-дунё» дар Шуъбаи санктпетербургии Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Россия маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]