Ба ( пешоянд)
(Тағйири масир аз Ба)
Jump to navigation
Jump to search
Ба - пешоянди аслӣ аст. Пешоянди ба асосан самти амал ва ё ҳаракатро нишон медиҳад, аммо вобаста ба маънои феълу исм ва мазмуни умумии ҷумла тобишҳои масоҳагӣ, объектӣ ва замониро низ ифода мекунад.
Мисолҳо:[вироиш]
- Аспҳошонро ба Бухоро расонда медиҳаму худам ба Шаҳрисабз бармегардам (Сотим Улуғзода);
- Шуоьҳои тез ва кунҷкови офтоб рост ба чашмони ӯ' бармехӯрданд (Пӯлод Толис);
- Зардуштиен рӯзона ба офтобу шабона ба моҳ таваҷҷуҳ мекунанд (Фазлиддин Муҳаммадиев);
- Вай ба тулӯи офтоб мунтазир шуд(Садриддин Айнӣ).
- Ман ба ҷасорати халифа ҳайрон шудам (Садриддин Айнӣ).
Дар назм пешоянди ба пеш аз ҷонишинҳое, ки бо садонок сар мешаванд, гоҳо дар шакли кадимаи худ бад кор фармуда мешавад: бад-эшон, бад-ӯ.
Нигаред низ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - саҳ.290