Багратион
Багратион — як навъ гелос.
Аввалин бор дар Боғи ботаникии Никитинск (шаҳри Ялта) рӯёнда шудааст. Дарахташ қадбаланд, зудсабз (дар 4-5-солагӣ самар меорад), сершохубарг. Мевааш калон (5-6 г), дилшакл ё байзамонанд, пӯсташ нисбатан ғафси ҷилодор, мағзаш сафед, ширину хуштаъм, аз дона ба осонӣ ҷудо мешавад, думчааш дароз (ба мевааш сахт часпидааст). Багратион апрел гул карда, аввали июн мепазад. Меваашро барои тархӯрӣ ва тайёр кардани шарбат истифода мебаранд; ба ҷойҳои дур бурдан мумкин аст. Дар Тоҷикистон аз соли 1965 дар вилояти Суғд (ғайр аз ноҳияи Ғончӣ ва Истаравшан) парвариш меёбад. Дар хоки ҳосилхезу сернам нағз месабзад. Ниҳолҳоро аз рӯйи тартиби 6×5 м мешинонанд. Аз ҳар га 120—140 сентнерӣ ҳосил медиҳад. Багратион барои гардолуд шудани навъи гелоси Драганаи зард муҳим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Багратион // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.