Бадали насл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бадáли нáсл — иваз гаштани давраи ҳаётии инкишофи ду насл: спорофит (насли ғайриҷинсии рустаниҳое, ки бо бадали насл инкишоф меёбанд; дар спорофит спорангияҳо ба вуҷуд омада, дар натиҷаи мейоз дар онҳо спораҳо ҳосил мешаванд) ба ғаметофит (ҷинси рустанӣ, ки аз спора ба вуҷуд омада, минбаъд ғаметофит ҳосил мекунад). Хромосомаҳои ҳуҷайраи спорофит диплоидӣ (дучанд), вале ҳуҷайраи ғаметофит гаплоидӣ мебошанд. Бадали насл бештар ба рустаниҳои олиташаккул хос аст; дар байни рустаниҳои дараҷаи паст фақат дар баъзе обсабзҳо муайян шудааст;

Бадали насл — дар ҳайвонот (исфанҷҳо, рӯдаковокҳо, кирмҳо ва ғайра) муттасил бадал гаштани насли навъҳое, ки онҳо аз ҷиҳати морфологӣ, физиологӣ ва афзоиш аз ҳамдигар фарқ мекунанд (мас., дар полипҳои гидрашакл насли ғайриҷинсӣ полипҳо буда, насли ҷинсӣ медузаҳоянд). Ду навъи бадали насли ҳайвонот – гетерогония (наслҳои ҷинсӣ ҳамдигарро иваз мекунанд) ва метагенез (яке бо роҳи ҷинсӣ ва дигаре танҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш мекунад) маълум аст. Бадали насл ба паҳн шудани организмҳо ёрӣ мерасонад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]