Исмоили Ҷазарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бадеуззамони Ҷазарӣ)
Jump to navigation Jump to search
Исмоили Ҷазарӣ
Al-Djazari automate verseur de vin.jpg
Таърихи таваллуд: 1136[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1206[1][2]
Маҳалли даргузашт:
Фазои илмӣ: олим[d], худкора[d][3] ва мошинсозӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Абулъиз ибни Исмоил ибни Раззози Ҷазарӣ (ар. أَبُو اَلْعِزِ بْنُ إسْماعِيلِ بْنُ الرِّزاز الجزري‎), маъруф ба ал-Ҷазарӣ — механик ва ихтироъкор, риёзидон, ахтаршинос аз наҳзати исломии давлати Оли Артуқ. Соли 1206 ӯ рисолаи «Китоб фӣ маърифати-л-ҳияли-л-ҳандасия» (Китоби донистаниҳое дар робита бо механизмҳои ҳӯшманд)-ро навишт, ки дар он тарҳи тақрибан 50 механизм, аз ҷумла соат, қуфлҳои рамзӣ ва роботҳо тасвир шудааст .

Зиндагинома[вироиш]

Бештари маълумот дар бораи Ҷазарӣ аз рисолаи худи ӯ ба мо расидааст. Номи олим аз номи минтақаи Ал-Ҷазира, ки дар Байнаннаҳрайн ҷойгир аст, сарчашма мегирад. Ӯ мисли падараш дар замони Оли Артуқ ба ҳайси сармуҳандис дар қароргоҳи Диёрбакр хидмат кардааст.[4] Ӯ ҳамчун ихтироъкори механизмҳои аҷиб шуҳрат пайдо кард, аммо «таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба ҳунармандӣ бештар аз самти фанноварии кор буд» ва кори ӯ «бар таҷриба ва хатоҳо асос ёфтааст, на ба ҳисоби назарӣ.»

Нигористон[вироиш]

Ҷазарӣ худ барои китобаш мусаввараҳои рангоранг сохт, ва дар онҳо намуди ихтироъотро тасвир ё тарзи фаъолияти онҳоро шарҳ дод.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 https://www.artsy.net/artist/ismail-al-jazari — 2009.
  2. 2.0 2.1 http://mak.bn.org.pl/cgi-bin/KHW/makwww.exe?BM=1&NU=1&IM=4&WI=9810667233105606 (лаҳ.)
  3. «Часы со слоном», страница из Книги о необычных механических приспособлениях — 1315.
  4. Хилл Д. Р. Engineering in the Medieval Near East(пайванди дастнорас). Scientific American, май 1991, стр. 64-9.