Бадеъи Турку
Намуди зоҳирӣ
Бадеъи Турку | |
|---|---|
| Навъи фаъолият: | шоир |
Бадеъи Турку (форсӣ: بدیع ترکو, Бадеъуддини Санҷарӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» аз ҳунари волои ӯ дар шеъру шоирӣ ёдовар шудааст. Табъи равон доштааст, махсусан дар бадоҳатан гуфтани шеър моҳир будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:
То кай бошӣ барои ноне баумед,
Ҳар ҷоеву ҳар даре чу қурси хуршед.
Бо зодаи хотиру нами дида бисоз,
К-ин оби сиёҳи туст в-он нони сапед.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- محمد عوفی. لباب الالباب. تهران، ۱۳۳۵، هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.