Бадеъ ат-Турк
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Бадеъ ат-Турк (ар. بدیع الترک; Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Оҷӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири зуллисонайни садаи XII. Ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър эҷод кардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар манобеи адабӣ дар бораи рӯзгори Б. маълумоте дарҷ нагардидааст. Аз осораш намунаҳое дар «Лубобу-л-албоб»-и Авфӣ, «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқ-иш-шеър»-и Рашидуддини Ватвот, «Харидату-л-қаср ва ҷаридату-л-аср»-и Имодуддини Исфаҳонӣ (1125—1200) оварда шудаанд. Имодуддини Исфаҳонӣ Бадеъ ат-Туркро зодаи деҳае дар наздикии Табрез гуфта, Ризоқулихони Ҳидоят ӯро ба унвони «Ҳаким» ёд карда, мегӯяд, ки Турку қалъаест дар Сиистон ва Бадеъ ат-Турк дар ҳамон ҷой ба дунё омадааст. Аз намунаҳои осори Бадеъ ат-Турк бармеояд, ки дар навъҳои қасида, рубоӣ, қитъа шеър мегуфтааст. Мавзӯи ашъораш мадҳ, васф, фахр, панду андарз мебошад. Ба туркӣ шеър гуфтани Бадеъ ат-Турк дар ягон манбаи адабӣ қайд нашудааст, вале дар ашъори арабияш ӯ аз қавми турк буданашро ёд кардааст. Ин навъ фахрия дар шеъри арабизабони Хуросону Мовароуннаҳр ҳодисаи бесобиқа буд ва баъд аз ӯ ҳам ба назар намерасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бадеъ ат-Турк // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ватват Рашид ад-дин. Сады волшебства в тонкостях поэзии (Хадаик ас-сихр фи дакаик аш-ши`р). М., 1985;
- رضا قلیخان هدایت. مجمع الفصحا. بخش اول از جلد اول. تهران، ۱۳۸۲ هـ. ق؛
- محمد عوفی. لباب الالباب. تهران، ۱۳۶۱ هـ. ش؛
- الاصفهانی عماد الدین. خریدة القصر و جریدة العصر. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش