Бадъу-л-амолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Бадъу-л-амолӣ» (ар. بدء الامالی‎) — қасидаи Сироҷуддин Алӣ ибни Усмон ал-Ӯшӣ-ал-Фарғонӣ (вафот 1179) роҷеъ ба асосҳои эътиқодоти дини ислом дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат. Он ба забони арабӣ ва бо қофияи «лом» аз 67 байт иборат буда, соли 1174 ба риштаи назм кашида шудааст. «Бадъу-л-амолӣ» ҳамчунин бо номҳои «Қасидату-л-амолӣ», «Қасидату яқулу-л-абд» ва «Ал-қасидату-л-ломия» машҳур аст. Қасида ба услуби бисёр сода, равон ва хеле мухтасар таълиф шуда, бо тавҳиди илоҳӣ оғоз ва бо охиратпарастӣ анҷом меёбад. Ба он шарҳи бисёре навишта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱. بیروت، ۲۰۰۷

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]