Базмӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Базмӣ (шоир)
Навъи фаъолият: шоир

Базмӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 17).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Қундуз таҳсил кардаву ба камол расидааст. Муддате дар Бадахшону Балх зиста, сипас ба Бухоро омад ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафт. Бо шоирони машҳури давр Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Муҳаммади Суфӣ ва дигарон суҳбату мушоираҳо доштааст. Ба ҳунару маҳорати шоирии Базмӣ муаллифи «Баҳру-л-асрор» Маҳмуди Китобдор баҳои баланд додааст. Базмӣ дар татаббуи «Юсуфу Зулайхо»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ достони ҳамноме таълиф кардааст. Ба баъзе қасидаҳои Салмони Соваҷӣ ҷавоб гуфтааст.

Абёти зерин аз ӯст:

Гар афтодам зи по, дар ишқ ошӯби ҷунунам ҳаст,
Ҳамон доғи ҷаҳонафрӯзу ашки лолагунам ҳаст.
Зи майдони шаҳодат захми теғе бурдаам берун,
Ки домони кафе то ҳашр дар гирдоби хунам ҳаст.
Ду чашм андар раҳаш дорам, ба як нақши қадам, Базмӣ,
Ки ҷазби ишқ бо сад дил ба кӯяш раҳнамунам ҳаст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]