Базудин
Jump to navigation
Jump to search
Базудин, алфатокс, диазинон,C13H21N2O3PS — як навъ инсектитсид. Моддаи равғанмонанди беранг, ҳарорпти ҷӯшишаш 89°С. Дар шакли консентрати эмулсияи 60%-а, хокаи намкаши 40%-а ва ғурӯшаи 5–10%-а истеҳсол мекунанд. Барои нест кардани ширинчаи лаблабуи қанд, ҳашароти зараррасони ришқаи тухмӣ ва гандуми тирамоҳӣ кор мефармоянд.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Базудин // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 264. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.