Байни, миёни (пешоянд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Байн (миён))
Jump to navigation Jump to search

Байн, миён ( Байн, миён + бандаки изофӣ ) — пешоянди номӣ буда, алоҳида ва бо пешоянди аслӣ воӄеь гардидани амалеро дар мобайни ашёҳо нишон медиҳад.

Мисолҳо[вироиш]

  • Бинои мактаби даҳсолаи колхоз ...аз роҳ дуртар дар байни боғи мевадори калоне бино карда шуда буд(Сотим Улуғзода).
  • Акнун барои район рафтан аз байни теппа ва баландиҳо давр зада гаштан лозим набуд(Ҷалол Икромӣ).

Пешоянди миёни (миёнаи) аз рӯйи маъно ва истифода ба пешоянди байни наздикӣ дорад.Он бештар бо пешояндҳои аслии дар,аз якҷоя меояд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Ин ҷӯйча монанди он ҷӯйчаҳое, ки дар миёни заминҳои корам кандаанд,аз лой ва гил бино ёфтааст (Садриддин Айнӣ).
  • Миршаб баъд аз он ба бародари Насим таъкид кардааст,ки озод шудани Насим дар миёнаи мардум овоза нашавад(Садриддин Айнӣ).
  • Як умр миёни оташу обам ман...(Лоиӄ).

Нигаред низ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - с.299