Байғумалики Косонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Байғумалики Косонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Байғумалики Косонӣ (форсӣ: بیغوملک کاسانی‎, қарни XII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Авфӣ Байғумалики Косонӣро чун яке аз ҳокимони Косону Марғинон ба «Лубобу-л-албоб» ворид оварда, шахси соҳибфазлу донишманд тавсифаш намудааст. Ба қавли Авфӣ, Байғумалики Косонӣ «шоҳе буд, ки ҳам қуввати фазл дошту ҳам фазли қувват». Байғумалики Косонӣ шеъри бисёр нагуфта бошад ҳам, ашъораш дар девоне фароҳам омадаанд. Бо забони содаву сабки гуфтори равони хуросонӣ ишқу ошиқӣ, зебоиҳои нигори дилраборо васф кардааст. Дар тазкираи Авфӣ аз Байғумалики Косонӣ ду қасида, ду ғазал, як қитъа ва ду рубоӣ сабт ёфтаанд, ки абёти зерин намунае аз онҳостанд:

Матлаи ғазал:

Ай роҳати дилу ҷон, ай офтоби хубон,
Эй ҷоннавоз чун дил, ай дилгудоз чун ҷон!

Қитъа:

Ҷустам барои фол китобею ногаҳон
Дастам ба баҳри гавҳари Саййидҳасан расид!
Бо сад забон чӣ гуна тавон гуфт шукри ин,
К-он-ч аз Худой хоста будам, ба ман расид!

Рубоӣ:

Ҳаргиз набудам лаби ту, ё раб, рӯзӣ,
Бо бандаи ту нест магар лаб рӯзӣ?
Гесӯи ту сад рӯз шабӣ кард, валек
Рухсораи ту накард як шаб рӯзӣ!

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]