Баландии Деҳмой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баландии Деҳмойбаландӣ дар ҳудуди ноҳияи Бо­боҷон Ғафурови вилояти Суғд.

Аз назди деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов сар шуда, 13 км ба самти Шим. Ш. тӯл мекашад (давоми он Баландии Рухак ном дорад). Баландиаш аз с. б. 400–500 м, аз сатҳи ҳудуди ҷойгир­шудааш 100–150 м. Сатҳаш нисбатан ҳамвор. Баландии Деҳмой асосан аз регсангу конгломератҳои давраи неоген иборат буда, қисми зиёдаш хокпӯш аст. Бештар гиёҳҳои биё­бонӣ (явшон ва ғайра) мерӯянд. Заминҳои корам низ дорад. Аз наҳри Деҳмой обёрӣ мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]