Баландии Рухак
Намуди зоҳирӣ
Баландии Рухак — баландӣ дар ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, ки давоми баландии Деҳмой буда, то истгоҳи р. о. Хуҷанд тӯл мекашад.
Баландиаш аз с. б. 400–450 м, аз ҳамвории гирду атроф 100–150 м. Сатҳаш нисбатан ҳамвор. Асосан аз регсангу конгломератҳои давраи неоген таркиб ёфта, бо хоки дурушти хокистарранг пӯшида шудааст. Баландии Рухакро сою ҷариҳо бурида мегузаранд. Дар он бештар гиёҳҳои биёбонӣ (явшон) мерӯянд. Баландиҳои Деҳмой, Исфисор ва Рухакро якҷо «Кӯҳи Рухак» мегӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баландии Рухак / Ҳ. Очилов. // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.