Баландӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баландӣ

Баландӣ — дар геометрия порчаи амудие, ки аз қуллаи шакли ҳандасӣ (масалан, секунҷа, трапетсия, пирамида) ба асос ё давоми асос фуроварда шудааст. Дар маншур, силиндр (устувона), қабати куравӣ, пирамидаи сарбурида ва махрути сарбурида баландӣ масофаи байни асосҳои онҳо мебошад. Баландӣ бо ҳарфи h ишора мешавад, воҳидаш см, м ва километр мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]