Баландӣ (геодезия)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баландӣ, алтитуда, иртифоъ — фосилаи амудӣ (шоқулӣ) аз нуқтаи дилхоҳи рӯйи Замин то сатҳи кураи Замин, бо метр (м) андоза карда мешавад.

Шартан қитъаи баландии мутлақаш зиёда аз 200 м-ро Б., акси онро пастӣ меноманд. Шакли Б. ҳамвор, теппадор ва кӯҳӣ мешавад. Б.-ро равандҳои тектоникӣ, акуммулятсия ва эрозия ба вуҷуд меоранд. Б.-и афзоиш, геодезиявӣ, динамикӣ, мутлақ, нормалӣ, ортометрӣ ва шартиро фарқ мекунанд. Б.-и афзоиш (h = HА — НВ) фарқи байни баландиҳои муқаррарии ду нуқтаи рӯйи Заминро меноманд. Б.-и геодезиявӣ (Нг) фосилаи амудӣ аз нуқтаи дилхоҳи рӯйи Замин то сатҳи эллипсоиди чархзананда мебошад, ки бо усули тарозёбии (нивелирование) астрономӣ-геодезӣ муайян карда мешавад. Б.-и динамикӣ (НД) фосилаи амудӣ аз нуқтаи додашуда то сатҳи оби обанбор (кӯл) аст, ки бо усули тарозёбӣ муайян карда мешавад. То нимаи садаи 20 Б.-и динамикии шаҳри Душанбе аз сатҳи Баҳри Хазар, ҳоло аз сатҳи Баҳри Балтика муайян карда мешавад. Системаи андозагирии баландиҳои мутлақи Балтика дар собиқ ИҶШС соли 1977 қабул шуда, аз нӯли футшток (нишона) дар шаҳри Кронштадт (Федератсияи Россия) ҳисоб карда мешавад. Аз ин нишона Б.-и ҳамаи нуқтаҳои геодезие, ки дар маҳалҳо бо нишонҳои геодезӣ ишораву дар харитаҳо қайд шудаанд, ҳисоб карда мешаванд. Б.-и сатҳи Баҳри Балтик аз Баҳри Хазар 24,176 м зиёд аст. Б.-и нормалӣ (Нγ) баландии муқаррарӣ, фосилаи амудии нуқтаи додашуда аз рӯйи Замин то сатҳи квазигеоид (мисли шакли кураи Замин) аз рӯйи футштоки Кронштадт аст. Б.-и нормалии нуқта­ҳо дар харита ва нақшаҳои топографии муосир нишон дода шуда, аз Б.-и ортометрӣ тақр. 2-3 м фарқ мекунад. Б.-и ортометрӣ (Нд), алтитуда, Б.-и ростандоза (аз юн. орто — рост), фосилаи аму­дӣ аз нуқ­таи дилхоҳи рӯйи Замин то сатҳи геоид (шакли курраи Замин) мебошад. Аз рӯйи футштоки Кронштадт андоза карда, дар харита ва нақ­шаҳои топографӣ то нимаи садаи 20 нишон дода мешуд. Ҳоло Б.-и нормалӣ истифода мешавад. Б.-и шартӣ (Нш) фосилаи амудӣ аз нуқтаи дилхоҳи рӯи Замин то сатҳе мебошад, ки дар он Б.-и шартӣ қабул шудааст ва бо усули тирозёбӣ андоза шуда бошад (мас. Нш = 1000). Б.-и шартӣ дар ҷустуҷӯи геодезӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]