Балет дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балети тоҷик дар асоси анъанаҳои бойи рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи русу ҷаҳон ба майдон омадааст. Унсурҳои миллии балет қарнҳои зиёде дар рақсҳои халқӣ ва классикии тоҷик («Кордбозӣ», «Калтакбозӣ», «Нағорабазм», «Занг», «Ларзон» ва ғайра) мавҷуд буданд, ки ҳангоми сайругаштҳои халқӣ ва базму тӯйҳо иҷро мешуданд. Баъди истиқрори салтанати шӯравӣ дар Тоҷикистон, дар заминаи балети классикӣ ва санъати рақси миллӣ, Балети касбии тоҷик тавлид ёфт. Соли 1936, дар асоси Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон, дар назди Театри мусиқии тоҷик дастаи балет (иборат аз 25 раққосу раққоса) таъсис ёфт, ки аввал таҳти сарварии раққосони моҳир Ғ. Валаматзода, С. Хоҷаев, М. Файзибоева, Г. Пассаров, У. Ҳомидов барои драмаҳои мусиқӣ («Восеъ»-и С. Баласанян, «Лола»-и С. Урбах, С. Баласанян ва ғайра) дар асоси рақсҳои миллӣ саҳнаҳои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нисбатан тозаи рақсӣ меофариданд. Соли 1939 дар Душанбе Театри опера ва балети тоҷик таъсис ёфт, ки аввалин операҳои тоҷикӣ – «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян ва Ш. Бобокалоновро ба саҳна гузошт. Шакли мураккаби рақси мардумӣ пайдо шуд. Устодони рақс Б. А. Исломова ва А. И. Протсенко бо мадади раққосони халқӣ хореографияи миллиро барои саҳна мувофиқ месохтанд. Дар театр омӯзиши нозукиҳои балет ва рақси классикӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1941 ҳайати эҷодӣ аз намоиши саҳнаҳои ҷудогонаи хореографӣ ба балет гузашт. Нахустин балети тоҷик «Ду гул» (мусиқии А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) буд, ки дар заминаи омезиши устокоронаи санъати балет ва рақси миллии тоҷикӣ эҷод шудааст. Дар он аввалин артистони балети тоҷик Азиза Азимова, А. Исҳоқова, О. Исомова, Ғаффор Валаматзода, М. Қобилов, У. Рабимов, С. Баҳор ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Дере нагузашта репертуари балети тоҷик аз ҳисоби асарҳои классикӣ ва шӯравӣ ғанӣ гашт. Театр «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел, «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев, «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский, «Золушка»-и С. Прокофев, «Эсмералда»-и С. Пуни, «Лавренсия»-и А. Крейн барин Б.-ҳоро манзури тамошобинон намуд. Балеринаи тоҷик Лутфӣ Зоҳидова нақшҳои марказии ин Б.-ҳоро бо маҳорати баланд бозида, аз байни артистони балети тоҷик нахустин сазовори унвони Артисткаи халқии СССР гардид. Соли 1947 Ғаффор Валаматзода дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанянро таҳия намуд, ки дар он имконоти хореографияи миллӣ ва рақси классикиро фаровон истифода бурдааст. Баъдҳо балети тоҷик ба мавзӯъҳои таърихию қаҳрамонӣ, ишқию афсонавӣ ва ғайра рӯй овард («Дилбар»-и А. Ленский, «Афсонаи кӯҳистон», «Писари Ватан», «Винни Пух ва ҳама чиз»-и Ю. Тер-Осипов, «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ, «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ, «Алибобо ва чил роҳзан»-и Г. Александров ва ғайра). Инчунин осори классикон («Шелкунчик»-и П. И. Чайковский, «Жизел»-и А. Ш. Адан, «Ромео ва Ҷулйетта»-и С. Прокофев, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Болеро»-и М. Равел, «Хонум ва авбош»-и Д. Шостакович ва диг.) ба бойшавии репертуар ва сайқал ёфтани маҳорати эҷодии артистони балети тоҷик боис шуд. Солҳои 1958–1960 ба ҳайати эҷодии Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ як гурӯҳ хатмкардагони студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа, барои ба саҳна гузоштани балети мураккаб имкон пайдо шуд. Дере нагузашта аз байни ҷавонон Малика Собирова, Бозгул Исоева, М. Бурҳонов, Сталина Азаматова, С. Узоқова, Т. Ҷаводзода, Қурбон Холов, Ш. Турдиева, В. Эшонхоҷаев, Н. Мадёрова, В. Алибоев, Ҳ. Алибоева, З. Рӯзибоева барин раққосу раққосаҳои пурмаҳорат ба камол расиданд. Ҷустуҷӯҳои эҷодии балети тоҷик барои офаридани асарҳои нави миллӣ, аз худ кардани сарватҳои хореографияи ҷаҳон ва боз ҳам баланд бардоштани маҳорати эҷодӣ равона шуд. Июни 1977 ҳайати артистони балети тоҷик дар Фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад» (Хелсинки) иштирок намуда, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Сергей Баласанян ва «Жизель»-и А. Ш. Аданро намоиш дод. Инчунин дастаи ҳунарии Б.-и тоҷик он солҳо дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон – Малайзия, Сингапур, Тайланд, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра ҳунарнамоӣ кард

Даврони истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон балети миллӣ, бинобар ҳаводиси сиёсию иҷтимоии солҳои аввал, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, аксари раққосони таҷрибадида саҳнаро тарк карданд, қисмате аз ҷумҳурӣ ҳиҷрат намуданд. Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, Ҳукумати ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ ва роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ якчанд тадбирро ба нақша гирифтанд. Бинои театр таъмиру тармим гардид ва гурӯҳи эҷодии боқимонда, сарфи назар аз душвориҳо, корро идома дод. Дар давоми чанд соли ахир дар саҳнаи театр як силсила асарҳои нав, аз ҷумла балетҳои «Юсуф ва Зулайхо»-и Т. Шаҳидӣ (аз рӯйи достони Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Сиёвуш» (муаллиф ва устоди рақс С. Азаматова), «Карашмаҳои муҳаббат»-и В. Мотсарт, «Буратино»-и Н. Собитов, «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғ. намоиш дода шуданд, ки ҳамаи онҳоро сарбалетмейстери театр С. Азаматова таҳия намудааст. Як қатор раққосу раққосаҳои ҷавону боистеъдод, монанди А. Бахман, З. Беляева, Д. Валиева, Б. Давлатов, И. Раҷабов ва диг. ба арсаи ҳунар баромаданд. Як зумра ҷавонони лаёқатманд – Ф. Қосимова, М. Азимзода, П. Тошмуҳаммадова, И. Убайдуллоев, М. Маҳмудзода ва У. Сангализода барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи академии хореографии шаҳри Перми Федератсияи Россия фиристода шуданд, ки муддати 8 сол дар ин омӯзишгоҳи номӣ таҳти сарпарастии устодони бомаҳорати балети рус Ю. Толстухин ва Н. Костелёва таҳсил карда, ба театр баргаштанд. Ин ҷавонон таҳти сарпарастии сарбалетмейстри театр, дорандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Эмил Акматов дар балетҳои классикӣ – «Дон Кихот»-и Л. Минкус, «Жизел»-и А. Аден, «Кармен-сюита»-и Ж. Бизе–Р. Шед-рин, «Шелкунчик»-и П. Чайковский ва ғ. нақшҳо офариданд. Бо мусоидати ин ҷавонон ва ташаббуси роҳбарияти театр санъати Б. хеле тақвият ёфт ва барои ба саҳна гу-зоштани асарҳои композиторони ҷаҳон ва муосири тоҷик шароити эҷодӣ фароҳам омад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]