Баллон

Иҷозаи ибҳомзудоӣ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балло́н (фр. ballon, аз итол. pallone — тӯб):

Баллони фулодии классики 50 литраи газ
  • Баллон — колба (зарф)-и асбоби электровакуумӣ (ё ионӣ)-и аз шиша, филизз, сафол ё масолеҳи таркибӣ сохташуда, ки дохилаш холӣ аст ё бо гази инертӣ, бухори симоб ва ғайра пур буда, дар он электродҳо ҷойгир карда шудааст.
  • Баллон — ғилоф (зарф)-и резинӣ ё фӯлодӣ, ки барои насб кардани вентил, фланетс (фаланҷ, лаба) ё штутсер (пистонак) як ё ду даҳана дорад ва барои интиқолу нигоҳдорӣ ва истифодаи газҳои фишурдаву моеъ истифода мешавад. Чунин баллонҳо ранги махсуси фарқкунанда доранд (кабуд – барои оксиген, сабзи дорои ду рахи сурх – барои ҳидроген ва ғайра).
  • Баллон — камера, болиштак ва тагмонаки (подкладка) резиние, ки таҳти фишор бо газ пур карда шудааст.
  • Баллон — ғилоф аз матоъи пахтагӣ ё полимерӣ (майлар ва ғайра), ки бо гази аз ҳаво сабук пур карда, дар аэростат ва дирижаблҳо ба кор мебаранд. Ниг.  Баллонет.
  • Баллон — зарфи шишагии сӯрохидор, ки бо пӯк муҳкам карда мешавад ва онро барои нигаҳдорию интиқоли моеъҳо истифода мекунанд.
  • Баллон — дар балети асри XIX қобилияти теладиҳии мавзуни раққос аз фарш пеш аз ҷаҳиши баланд ва дар балети асри XX қобилияти аз ҷониби раққос дар ҳаво нигоҳ доштани ҳолат ва мавқеи дар замин қабулшударо ифода мекард.
  • Баллон — деҳа дар Ирландия, дар шаҳристони Карлоу (провинсия Ленстер) ҷойгир аст.
  • Баллон, Клод — ҳунарпешаи балети Фаронса ва балетмейстер.
  • Баллон — коммуна дар Фаронса, дар минтақаи Пуату — Шаранта ҷойгир аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Батушев В. А. Электронные приборы. М., 1980;
  • Арие. М. Я. Дирижабли. Киев, 1986;
  • Орлов Д., Сафонов М. Акваланг и подводное плавание. М., 1998;
  • Бойко Ю. С. Воздухоплавание в изобретениях. М.,1990.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]