Балош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балош (форсӣ: بلاش‎) — номи чанд тан аз подшоҳони ашконӣ.

  • Балоши I. Писари Ванани II, тахм. солҳои 52–80 ҳукмронӣ кардааст. Ӯ ба Арманистон лашкар кашида, бародараш Тиридодро ҳокими ин диёр таъйин намуд. Барои коҳиши мухолифати Эрон бо Рум розӣ шуд Тиридод аз тахти императории Рум даст кашад. Б. I шӯриши норозиёнро дар Гургон пахш намуд ва оромиро дар сарзаминаш таъмин кард. Б. I дар тарғибу тарвиҷи дини зардуштӣ ва расму русуми ориёӣ кӯшиш намуд. То ӯ сиккаҳои Ашконӣ ба забони юнонӣ буд. Б. I сиккаҳоро ба ҳуруфи паҳлавӣ зарб зад ва ба асоси ривоёти зардуштӣ Авестои парокандаро гирдоварӣ намудааст.
  • Балоши II. Пас аз Хусрав соли 128 (ё130) ба тахти подшоҳӣ нишастааст. Анҷоми салтанаташ номаълум аст. Дар аҳди Б. II аланҳо аз Дарбанди Қафқоз гузашта, ба Озарбойҷон ҳуҷум оварда, ба қатлу ғорати мардум машғул шудаанд. Айёми подшоҳии Б. II байни империяҳои Эрон ва Рум оромӣ ҳукмрон буд.
  • Балоши III. Писари Б. II, ки солҳои 147–191 ҳукмронӣ кардааст. Соли 161 ба Арманистон лашкар кашида, ҳокими дастнишондаи Румро аз он ҷо ронд. Барои бозпас гирифтани ин сарзамин румиҳо ба Эрон ҳамла карда, дар ҷанг Б. III-ро шикаст доданд ва қасри тобистонии шоҳони ашконӣ – Мадоинро ба оташ кашиданд. Ашкониён қисмати ғарбии императории худро аз Арманистон то Байтулмуқаддас аз даст доданд. Вале айёми пирӯзиҳои румиён дар лашкари онҳо бемории тоун сар зад ва онҳо ночор ақибнишинӣ карданд.
  • Балоши IV. Пас аз падараш Б. III. ба тахт нишаст. Салтанаташ солҳои 191–209 давом кардааст. Ӯ аз ихтилофи байни лашкаркашони Рум истифода карда, баъзе аз сарзаминҳоеро, ки дар замони падараш румиён аз онҳо гирифта буданд, бозпас гирифт. Аммо императори нави Рум дар соли 195 аз дарёи Фурот гузашта, шаҳрҳои Насибин ва Селевкияро ишғол намуд. Бо вуҷуди муқовимати шадиди Ашкониён соли 197 шаҳри Тайсафунро ҳам зери итоати худ дароварда, қариб 100 ҳазор нафарро ба асорат бурданд. Ба Б. IV баъдтар муяссар шуд, ки шаҳрҳои Селевкия, Бобил ва Тайсафунро бозпас гирад.
  • Балоши V. Писари Б. IV, байни Б. V ва бародараш Ардавон барои ҳокимият низоъ сар зад ва саранҷом бародарон императории Ашкониёнро байни худ тақсим карданд. Аз соли 216 Б. V дар Бобил ва ҳаволии он ҳоким буд. Қисмати аъзами давлати Ашкониён ба дасти Ардавон гузашт. Пас аз Б. V Ардавони V охирин подшоҳи Ашкониён буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]