Балоғат
Намуди зоҳирӣ
Балоғат (ар. بلاغة) — синни қонунан муқарраршудае, ки бо расидан ба он қобилияти пурраи амалкунӣ ба вуҷуд меояд. Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва татбиқ намудани он барои худ муқаррар намудани ӯҳдадорӣ ва иҷро намуданаш (мукаллафияти шаҳрвандӣ) дар ҶТ дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ ба миён меояд. Агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан иҷозат бошад, шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида аз вақти издивоҷ карданаш пурра мукаллафияти гражданӣ дорад, яъне аст.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балоғат / Э. Насурдинов, Д. Сангинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.