Балҷувон (вилояти таърихӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балҷувонвилояти таърихӣ.

Дар давраи Сарабек Атолиқ (1856–70) ба аморати Бухоро ҳамроҳ гардида, баъдан ба ду вил. мустақил – Кӯлобу Б. тақсим шуда, дар онҳо бекҳои Бухоро таъйин гардиданд. Б. ба воситаи дарёи Вахш бо водии Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайати Б. ҳудуди кунунии ноҳияи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорӯбкӯл, Тутқавул дохил мешуданд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило (соли 1886), дар 15 амлоки бекии Б. 20 ҳазор оила муқим буданд, ки 60 ҳазор аҳолӣ доштанд. Аҳолии Б.-ро тоҷикон ташкил медоданд, ки ба деҳқонӣ машғул буданд. Бозори калони Б. ҳафтае ду маротиба (шанбе ва чоршанбе) доир мегардид. Дар ибт. садаи 19 Б. чун давлати мустақил танга сикка мезад. Бо бекиҳои Дарвоз, Қаротегин, Ҳисор алоқаҳои тиҷоратӣ дошт. Ба Б. аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия маҳсулот оварда мешуд. Хусусан, ба молу матоъи аз Россия воридшуда талабот афзун буд. То Инқилоби Октябр ҳаёти аҳолии заҳматкаши Б. хеле вазнин ва зулму асорати аморати Бухоро авҷ гирифта буд. Бинобар ин, халқ борҳо шӯриш бардоштааст, ки дар таърих бо номи Шӯришҳои халқии с-ҳои 1870, 1874, 1885–86, 1905–07, Шӯриши Муллохол ва Шӯриши Восеъ машҳуранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арандаренко Г. А. Досуги в Туркестане 1874–89. СПб., 1889;
  • Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине 19 в. Ч. 1–2. Д., 1962–63.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]