Бамбук
| Бамбук | ||
|---|---|---|
| | ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Бамбук (лот. Bambúsa) — ҷинси растаниҳои ҳамешасабзи оилаи ғалладонагиҳо (Poaceae), аз зерҷамоаи Bambuseae. Ин ҷинс тақрибан 140 намудро дар бар мегирад[1], ки асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё мерӯяд ва махсусан дар тропикҳои намнок маъмул аст[2].
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояҳои бамбуки чӯбӣ (қаҳҳо) то 11 м баланд буда, дар қисми болоӣ хеле шохадор мебошанд. Онҳо хеле зуд мерӯянд (то 0,75 м дар як шабонарӯз), намояндагони ҷинс (инчунин зероилаи) баъзе аз растаниҳои босуръат афзояндаи рӯи замин мебошанд[3]. Баргаш лансолат буда, баргҳои хеле кӯтоҳ доранд. Хӯшачаҳо бисёргул буда, як-як ё гурӯҳ-гурӯҳ дар шохаҳои махсус ҷойгир шудаанд, ки одатан танҳо баргҳои пулакшакл доранд. Гулҳо дуҷинса, анемофил (бо шамол гардолуд мешаванд).
Истифода
[вироиш | вироиши манбаъ]Бамбук ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ, барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла асбобҳои мусиқии нафасӣ (флейта) истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bambusa(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). The Plant List. Version 1.1. (2013). 7 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 августи 2017.
- ↑ Гиляров, 1986.
- ↑ Farrelly, David. The Book of Bamboo. — Sierra Club Books, 1984. — ISBN 0-87156-825-X.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бамбуза // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Гинкул С. Г. Бамбуки и их культура в СССР. — Батуми, 1937.
- Бамбук // Большая советская энциклопедия : в 66 т. (65 т. и 1 доп.) / гл. ред. О. Ю. Шмидт. — М. : Советская энциклопедия, 1926. — Т. IV.
- Бамбук // Биологический энциклопедический словарь / Гл. ред. М. С. Гиляров; Редкол.: А. А. Баев, Г. Г. Винберг, Г. А. Заварзин и др. — М. : Сов. энциклопедия, 1986. — 831 с. — 100 000 экз.