Бандитизм
роҳзанӣ(порсӣ:راهزنی) ё Бандитизм (аз итол. banda – даста, гурӯҳ) — ҷинояти равонашуда ба муқобили бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ тавассути дастаи иборат аз ду ва ё бештар нафар аст, ки мақсадаш ҳамла ба шаҳрвандон ва ё ташкилот барои аз худ намудани дороии онҳо мебошад. Аломатҳои даста (банда) дар КҶ ҶТ (қисми 1, моддаи 186) нишон дода шуда, мазмуни он дар Қарори Пленуми Суди Олии Тоҷикистон аз 26 июни 1987 «Дар бораи амалияи судӣ оид ба парвандаҳои бандитизм» баён гардидааст.
Бандитизм ба ҷинояти махсусан хавфнок дохил мешавад. Дастаи бандитизм маъмулан гурӯҳи муташаккили ба таври доимӣ амалкунандаи ҷинояткор мебошад, ки барои ба амал баровардани ниятҳои нопоки худ бо барномаи пешакӣ тарҳшуда ҳамла ба шаҳрвандон ё ташкилотро бо омодагии пешакӣ ба амал мебарорад. На фақат иштироки бевоситаи аъзои гурӯҳ, балки таъминкунандагони маблағ, силоҳ, воситаи нақлиёт, ҷустуҷӯи шахси (ташкилот)-и мавриди ҳуҷум ва ғ. низ ширкаткунандаи амали бандитизм маҳсуб мешаванд. Барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ширкаткунандагони даста баёноти як нафари он кофӣ аст. Ашхосе, ки аз вазифаи ишғолнамуда сӯистифода карда, ба бандитизм машғул мешавад ва ретседивистони хавфнок ё махсусан хавфноке, ки амали бандитизмро анҷом медиҳанд, мувофиқи нишондоди моддаи 186 КҶ ҶТ (қисмҳои 1 ва 2) ва дар ҳолатҳои вазнинкунандаи бандитизм мувофиқи қисми 3 моддаи мазкур ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҳмудов М. А. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2009
- Бандит // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бандитизм // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.