Савсан Бандишоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бандишоева, Савсан)
Савсан Бандишоева
Таърихи таваллуд 21 январ 1922(1922-01-21)
Зодгоҳ ноҳияи Рушон
Таърихи даргузашт 14 апрел 2002(2002-04-14) (80 сол)
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда

Савсан Бандишоева (21 январи 1922, деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон — 14 апрели 2002, Хоруғ) — ҳунарпеша ва сароянда, Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1946)[1]. Яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Савсан Бандишоева 21 январи 1922 дар деҳаи Вомари ноҳияи Рушон ба дунё омадааст. Аз оилаи деҳқон.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиаш соли 1936 дар ҳайати ҳаваскорони санъати мусиқии ноҳияи Рӯшон шурӯъ шуда, баъдан, дар дастаи ҳунарии клуби сарҳадбонон идома ёфтааст. Солҳои 1940—1965 дар Театри вилоятии мазҳакавӣ-мусиқии Хоруғ кор кардааст. Аз соли 1965 нафақагири шахсӣ.

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Савсан Бандишоева дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст. Беҳтарин нақшҳои эҷодкардааш: Гулқурбон, Гулбаҳор («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар), Кручинина («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островский), Жаклина («Табиби зӯракӣ»-и Молйер), Зеремалдина («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), Майсара («Майсара»-и Ҳ. Ҳакимзода), Райҳон («Арӯси панҷсӯма»-и М. Урдубодӣ) ва ғ.

Овозхонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Савсан Бандишоева овози фораму баланд ва хушҳанҷарае дошта, бештар Ватан, зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббат, ғаму шодии ҳаётро тараннум кардааст. Сурудҳои Савсан Бандишоева «Акрамҷони сеторӣ», «Сегоҳи Помир», «Дилбари ҷон», «Ширин, ширин», «Нолаи булбул», «Рубоиёти Шуғнон», «Рубоиёти Ванҷ» ва ғ. дар Хазинаи тилоии Радиои тоҷик маҳфузанд.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2).

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 370

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Бандишоева Савсан / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.