Банд (нақш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Банд (таноб) — навъи нақш дар санъати амаливу ороишӣ ва тавсифӣ, хатти морпеч аз анвои нақши ислимӣ. Ба бандҳои печ дар пече шабоҳат дорад, ки баъзан якка ва гоҳо ҷуфт-ҷуфт омада, одатан, ҳошияро оро медиҳад ва чунин ном гирифтанаш низ аз ин монандист. Яккабанд ва қӯшбанд 2, 3, 4, 5 маротиба бо ҳамдигар гиреҳбанд омада, ҳошияҳои ислимии якрафтор (иборат аз як банд), дурафтор (ду банд), серафтор (се банд) ва ғайраро ташкил медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]