Банорас (шаҳр)
Шаҳр | |
---|---|
Банорас англ. Varanasi санскр. वरणासी ҳиндӣ: बनारस | |
Кишвар | Ҳиндустон |
Координатаҳо | 25°18′25″ а. шим. 83°00′22″ т. ш.HGЯO |
Коди телефон | 542 |
Банора́с (англ. Banaras, ҳиндӣ: बनारस, урду: بنارس, Banāras [bənɑːɾəs] ) ё Бенарес англ. Benares [bə.naː.rəs]); Варана́си (англ. Varanasi, санскр. वरणासी, varaṇāsī ё санскр. वाराणसी, vārāṇasī [ʋaːɾaːɳəsiː] ) — лафз. «миёни ду рӯдхона» ё Кошӣ (англ. Kashi, ҳиндӣ: काशी, урду: کاشی, Kāśī [kaː.ʃiː] ) — шаҳре дар иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон. Дар соҳили дарёи Ганг воқеъ аст. Маркази нақлиётии Калкатта — Деҳлӣ. Аҳолиаш 3 147972 ҳазор нафар (2001).
Таърих[вироиш]
Яке аз қадимтарин шаҳрҳои мамлакат, маркази маданият, дин ва косибист.
Иқтисод[вироиш]
Банорас бо матоъҳои зарбофт, қолин ва ҷавоҳироти худ шуҳрат дорад. Заводи тепловоз ва корхонаҳои саноати матоъҳои пахтагӣ, шиша, кимиё, хӯрокворӣ ва ғ. мавҷуданд. Матоъи «банорас», ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ машҳур аст, дар ҳамин шаҳр истеҳсол мешуд.
Илму фарҳанг[вироиш]
Донишгоҳ, китобхона, расадхонаи Ҷай Сингҳ (1700), зироатгоҳҳо, қариб 1500 ибодатхона, ёдгориҳои меъмории асримиёнагӣ дорад. Б. дар а. 7 то м. бунёд ёфта, Кашӣ ном дошт. Солҳои 1775—1950 таҳти тасарруфи англисҳо қарор гирифт. Аз соли 1950 тобеи иёлати Уттар-Прадеш.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Банорас // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Дигар мазмунҳо: саҳифаи мавҷуднабуда нишон дода шудааст
- Кишвари номаълум (коди телефон)
- Маҳалҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо
- Шаҳрҳо аз рӯи алифбо
- ПРО:Шаҳрҳо:Вироиши охирин: дар ду соли гузашта
- Шаблон-қуттиҳо:Воҳидҳои маъмурӣ
- Мақолаҳои нопурра аз ҷуғрофияи Ҳиндустон
- Мақолаҳои ноппураи ҷуғрофияи Ҳиндустон
- Шаҳрҳои Ҳиндустон