Барбитуратҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Барбитуратҳо (лот. barbiturate) — доруҳое, ки хосияти хобоварӣ ва мадҳушсозӣ доранд; ҳосилаҳои кислотаи барбитурат (барбитал, барбитал-натрий, фенобарбитал, тиамин ва ғ.).

Муддати таъсири Б. гуногун буда, ба хусусияти мубодила дар организм ва ихроҷи онҳо вобаста мебошад; Б.-и таъсирашон бардавом бештар ба воситаи гурда хориҷ мешаванд; Б.-и таъсирашон кӯтоҳ дар ҷигар таҷзия мегарданд. Бо мақсади хоб овардан аз Б.-и таъсирашон давомнок (барбитал, фенобарбитал, барбитал-натрий), миёна (сиклобарбитал, барбамил, этаминал-натрий) ва кӯтоҳ (гексабарбитал) истифода мебаранд. Б. дар шакли хока, ҳаб ва маҳлул кор фармуда мешаванд. Фенобарбитал ва бензонал дар намуди хока ва ҳаб чун давои зидди ихтилоҷ (ҳангоми саръ), гексенал, тиобутал ва тиопентал-натрий барои наркоз таъйин шудааст. Б.-ро аксар якҷоя бо давоҳои таскинбахш, рафъи ташаннуҷ, холинолизӣ ва ғ. истеъмол мекунанд. Б.-ро барои ба ҷарроҳӣ тайёр намудани бемор низ истифода мебаранд, зеро онҳо таъсири доруҳои мадҳушиоварро тақвият медиҳанд. Ҳангоми муддати дароз истифода бурдани Б. организм ба он одат мекунад. Истеъмоли Б. метавонад боиси аллергия гардад.


Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]