Баргак (зардолу)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баргак, долак — зардолуи дукафони бедонак. Бо номи кишта ҳам маъмул аст. Баргакро бештар аз навъҳои зардолуи Мирсанҷалӣ, Исфарак, Субҳонӣ, Хурмоӣ, Нишонӣ, Фалғарӣ тайёр мекунанд. Барои ин зардолуҳои пухтаро чида нағз мешӯянд, бо гази сулфур 2-3 соат буғ медиҳанд, дукафон карда, донакашонро ҷудо менамоянд. Сипас онҳоро рӯйи фаршҳои махсуси андозаашон 80 × 80 см ё дар болои бурё ва сангҳо чида дар офтоб мехушконанд. Баргак аз рӯйи тарзи хушконидан ба хелҳои кордӣ, буғдода, офтобӣ ва ғ. ҷудо мешавад. Аз 1 кг зардолу 20-30 % баргак ҳосил мегардад. Қанди баргак вобаста ба навъи зардолу 50-60 дарсадро ташкил медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]