Барг (нақш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барг — навъи нақш дар санъати амаливу ороишӣ ва тасвирӣ. Ҷузви нақши маъмули ислимист, ки асосан барг, гул ва муғчаҳо тасвир мешаванд.

Барг аз қадим дар наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ ва диг. ҳунарҳои халқии санъати амалӣ мавқеи калон дошт. Устоҳои тоҷик аксар дар офаридаҳояшон баргҳои маҷнунбед, чанор, шафтолу, ҷағҷағ, шутурпай, шоҳбарг ва ғ-ро дарозу кӯтоҳ, паҳну борик, нозуку дурушт, дандонадор, моил таҷассум карда, ба нақши ислимӣ намуди табиӣ мебахшиданд. Азбаски баъзан Б. ба тухми харбуза ё бодом монанд мешуд, онро «тухми харбуза» ё «бодомибарг» мегуфтанд. Ҳунармандони суғдӣ дар санъати кандакории садаҳои 5–8 расмҳои барги ток, анор, гулхор ва себарга кашидаанд, ки аз ҳафриётҳо пайдост. Анъанаи истифодаи Б. дар давоми садсолаҳо такмил ёфта, то замони мо расидааст. Устодони моҳири тоҷик М. Олимов, М. Солиев, Ғ. Мансуров, Ё. Юсуфов ва диг. дар баробари кор гирифтан аз Б.-и маъмул шаклҳои нави онро эҷод кардаанд. Б. дар санъати гулдӯзӣ низ мавқеи хос дошт, ки маъмултаринашон нақши барги «шутурпай» (барги рустании рӯиобӣ, ки ба изи шутур шабоҳат дорад) мебошад. Б. дар санъати заргарӣ (гӯшвор, ангуштарӣ, занҷираи гардан, гули яхак) ва ҳаккокӣ низ маъмул аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]