Бардоштани доғи судӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бардоштани доғи судӣ — лағв кардани айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъйин карда шудааст баъд аз адои ҷазо ва ё дар муҳлате, ки тибқи қонун муқаррар шудааст. Дар мавриди бардоштани доғи судӣ шахс доғи судӣ надошта ҳисобида мешавад. Бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад. Шахс доғи судӣ надошта ҳисоб мешавад, агар:

  • а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад — аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин санадҳо;
  • б) дар сурати қабули санади авф, ба шарте ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад — аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;
  • в) дар сурати қабул намудани кодекси нави ҷиноятӣ, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад — аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин кодекс;
  • г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи кодекс — аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;
  • д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ — аз рӯзи гузаштани муҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]