Барид (ченак)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Барид — бузургтарин ва яке аз муҳимтарин воҳидҳои андозагирии дарозӣ дар мамолики исломии асрҳои миёна, ки баъзан ба маънои «марҳила», «манзил» меояд.

Андозаи он вобаста ба макону замон гуногун буд. Дар шаҳрҳои Эрон 2 фарсах (6 мил) ва дар мамлакатҳои ғарбии исломӣ 4 фарсах (12 мил) зикр гардидааст. Ба гуфтаи Мақдисӣ барид дар бодия ва Ироқ 12 мил ва дар Шому Хуросон 6 мил буд. Хоразмӣ фосилаи тақрибии ду истгоҳи хабаррасониро 2 фарсах ё 1 барид донистааст. Аксари фуқаҳо ва ҷуғрофинависон баридро 4 фарсах ва ҳар фарсахро 3 мил ва ҳар милро 3000 зирои ҳошимӣ донистаанд. Ва чун ҳар зирои ҳошимӣ 61,6 см аст, миқдори барид 22,176 км хоҳад шуд. Дар сарчашмаҳо инчунин «зироъу-л-барид» ёд мешавад, ки он ба зирои шаръӣ (49,875 см) баробар буд. Бо ин намуди зироъ барид ба 17,955 км баробар мешавад. Ибни Батута низ баридро 4 фарсах қайд мекунад. Ибни Хурдодбеҳ дар аҳди Аббосиён аз коркунони идораи барид буда, худ фосилаи баридро паймудааст ва қимати миёнаи онро 4 фарсах ё 48000 зироъ навиштааст, ки бо ҳисоби зирои шаръӣ барид 28,728 км мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]