Барномаи таълимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Барномáи таълимӣҳуҷҷатест, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфта[1][2], тартиб ва пайдарпайии омӯзиши ин ё он мавзӯи таълимӣ барои ҳар як соли таҳсил муайян карда мешавад.

Барномаи таълимӣ дар Тоҷикистон[вироиш]

Дар Тоҷикистон барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва касбу ихтисосҳои якхела ягона аст. Масалан, Барномаи таълимии математика, физика, кимиё, биология, таърих дар синфҳои 9-уми ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ як хел мебошад. Барномаи таълимӣ дар асоси талаботи зерин тартиб дода мешавад: мувофиқати мазмуни комёбиҳои илми муосир, техника ва фарҳанг бо мақсадҳои иҷтимоии тарбияи хонандагон ва рушди қобилияти эҷодии онҳо; хусусияти илмӣ доштани мазмуни маълумот; ягонагии назария ва амалия; мувофиқати маводди таълимӣ ба синну сол, савияи дониш ва инкишофи хонандагон, алоқамандии байни фанҳои таълимӣ ва ғайра. Барномаи таълимӣ бо мактуби эзоҳӣ оғоз меёбад, ки дар он вазифаҳои асосии ҳамон фанни таълимӣ, хусусиятҳои ташкилу усулҳои омӯхтани ҳамон фан, шаклҳои алоқаи машғулиятҳои синфӣ ва беруназсинфӣ ва ғайра нишон дода мешаванд. Мазмуни маълумоте, ки барномаи таълимӣ муайян мекунад, дар китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ асоснок карда мешаванд

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Сарчашма[вироиш]