Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ
Маркази маъмурӣ
Нишонӣ
Намуди созмон United Nations programmes and funds[d]
Роҳбарон
Cindy McCain[d]
Таъсис
Санаи таъсис 19 декабри 1961
Барҳамхурӣ
Маълумотҳои дигар
Созмони асосӣ Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид
Ҷоизаҳо
Ҷоизаи сулҳи Нобел
Вебгоҳ Хатои Lua: expandTemplate: template "ref-da" does not exist.
 Парвандаҳо дар Викианбор

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ё Барномаи ҷаҳонии ғизо (БҶО); ( WFP ) (англ. United Nations World Food Programme - бахши кӯмаки ғизоии Созмони Милали Муттаҳид, бузургтарин бахши кӯмаки башардӯстона. БҶО (WFP) дар як сол тақрибан 90 миллион нафарро бо ғизо таъмин мекунад, ки 58 фоизи онҳо — кӯдакон ҳастанд. Аз қароргоҳи худ дар Рум ва шуъбаҳои он дар зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон, WFP ба одамоне, ки наметавонанд худ ва оилаҳои худро бо ғизо таъмин кунанд, кӯмак мерасонад.

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ аслан дар соли 1961 дар конфронси Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), муаррифӣ шуда буд, ки дар он Ҷорҷ Макговерн, директори Барномаи озуқа барои сулҳ пешниҳод кард, ки як барномаи байналмилалии кӯмаки ғизоӣ таъсис дода шавад. WFP воқеан соли 1963 аз ҷониби ФАО ва Ассамблеяи Генералии СММ барои як давраи озмоишӣ таъсис дода шудааст.

БҶО (WFP) аз ҷониби Шӯрои иҷроия иборат аз 36 кишвари узв идора мешавад. Директори иҷроияи WFP Ҷозеф Ширан аст, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ба мӯҳлати панҷум таъин шудааст. WFP дорои 10,587 нафар мутахассис ва корманд аст (2006).