Барометр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Барометри механикӣ

Баро́метр (юн.-қад. βάρος — «вазнинӣ, вазн» ва μετρέω — «чен мекунам») — асбоб барои чен кардани фишори атмосферӣ. Фишор қувваест, ки ба воҳиди масоҳат таъсир мекунад. Атмосфераи Замин ба садҳо км баландӣ тӯл кашида, ба сатҳи он фишор меорад.

Таҷҳизот[вироиш | вироиши манбаъ]

Барометр барои чен кардани ин фишор хидмат мекунад. Фишори атмосферӣ (ё барометрӣ) бо мм сутуни симоб ва паскал (Па) чен карда мешавад. Бо барометр инчунин баландиро чен кардан мумкин аст, чунки фишори атмосферии ҳаво бо зиёд шудани баландӣ (аз сатҳи баҳр) паст мешавад. Чунин асбобҳоро дар самолётҳо истифода мебаранд ва кӯҳнавардон бо худ мегиранд.

Намудҳои барометр[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосан ду намуди барометр мавҷуд аст: симобӣ ва механикӣ (Анероид). Дар барометри симобӣ фишори атмосферӣ аз рӯйи баландии сутуни симоби найчаи симобдор, ки дар зарфи симобдор ғӯтонда шудааст, ёфта мешавад. Кашфи фишори атмосферӣ ва ихтирои барометри симобиро олими итолиёӣ Торичелли Эванҷелиста дар рисолаи «Opera geometrica» (1644) овардааст. Барометрҳои симобӣ нисбатан дақиқ буда, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ бо онҳо муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]