Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Барон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барон Карл Фридрих Иероним фон Мюнхгаузен. Г. Брукнер, 1752

Барóн (аз лот. baro — инсон, мард) — дар Урупои Ғарбии асрҳои миёна ибтидо вассали император, шоҳ ё феодали калон буд; баъдтар ба унвони яке аз рутбаҳои дворянӣ табдил ёфт. Дар Олмон баронро Freiherr (ашрофи озод) меномиданд — яъне заминдори озоде, ки ҳуқуқи моликияти мустақил дошт. Дар Инглистон Barones maiores ин унвонро мустақиман аз шоҳ мегирифтанд ва баронҳо ба гурӯҳи наздикони монарх тааллуқ доштанд.

Таърихи рутба

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз садаи XIII ин рутба ба гурӯҳи имтиёзноки сиёсӣ итлоқ шуд ва аъзои доимии (ирсии) палатаи лордҳо дар парламентро барон меномидагӣ шуданд. Ин рутбаро ҳамчунин ба писарони бузурги графҳо, маркизҳо ва герсогҳо медоданд. Дар силсилаи маротиби рутбаҳои дворянҳо барон ҷойи охиринро ишғол мекунад, дар Олмон ва Фаронса аз граф поинтар, дар Инглистон поинтар аз биконт. Аз соли 1611 дар Инглистон унвони меросии боронет ҷорӣ карда шуд, ки аз лиҳози мавқеъ байни ашроф ва дворянҳо қарор доштанд.

Рутба дар Русия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Россия рутбаи баронро Пётри 1 соли 1710 ҷорӣ кард. Ин рутбаро танҳо император бекор карда метавонист. Ин рутба ба дворянҳои губернияҳои назди Балтика, ки то ба Россия ҳамроҳ шуданашон шомил буданд, ҳамчунин авлоди баронҳои хориҷӣ, ки намояндагони онҳо табаияти шӯравиро қабул карда буданд, дода шуд. Авлоди баронҳо дар қисми панҷуми китоби "Насабнома" сабт гардидаанд.