Jump to content

Барот Махсудов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барот Махсудов
Барот Исломович Махсудов
Таърихи таваллуд 20 феврал 1960(1960-02-20) (64 сол)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физикдон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика (2015)
Унвонҳои илмӣ профессор (2017)
Алма-матер Донишкадаи муҳандисӣ-физикии шаҳри Москва (МИФИ) (1984)

Барот Исломович Махсудов олим, физикдон, доктори илмҳои физика ва математика (2015), профессор (2017).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барот Исломович Махсудов хатмкардаи факултети махсуси физикаи Донишкадаи инженерӣ-физикии ш. Москва (МИФИ) (1984) мебошад. Соли 1985 ба сифати аспирант ба пажухишгохи физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ СССР (ФИАН), ш. Москва дохил шуда дар мавзӯи «Хосиятҳои ҳароратӣ ва деградатсионии гетеролазерҳо» кори илмӣ карда, рисолаи номзадиро соли 1988 дар Шӯрои махсусгардонидашудаи №2(ФИАН), дифоъ кардааст. Аз соли 1988 то 1997 дар кафедраи физикаи ҳаста ба ҳайси лаборанти калон, муҳандис, асисстент ва муаллими калон кор кардааст. Аз соли 2011 то ҳозир дар кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ иҷрои вазифа менамоянд. Соли 2012 ба вазифаи мудири кафедра интихоб шудааст. Соли 2015 дар мавзӯи «Хосиятҳои мавҷбарӣ, ҳароратӣ ва деградасионии лазерҳои инжексионӣ дар асоси гетеросохторҳои AIIIВV» аз руи ихтисоси 01.04.07- физикаи муҳитҳои конденсӣ рисолаи доктори илмҳои физикаю математикаро дифоъ кардааст. Муаллифи 2 патенти байналмилалӣ барои ихтироот, як монография, китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Махсудов Б.И. тарғибгари фаъоли пешрафт ва дастовардҳои илми физика дар Тоҷикистон мебошад. У дорандаи нишони ихтирокори беҳтарини солҳои 2015-2016 буда бо ифтихорномаи АИ ҶТ барои иштироки фаъолона дар тарғиби донишҳои илмӣ мукофонида шудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1988 натиҷаи тадқиқотҳои илмии Б.И. Махсудов «Хосиятҳои ҳарорати ва деградационии InGaAsP/InP- гетеролазерҳо» имконият дод, ки рисолаи номзадиро ҳимоя намояд. Тадқиқотҳои илмиро дар ин самт давом дода соли 2015 дар мавзӯи «Хосиятҳои мавҷбарӣ, ҳароратӣ ва деградасионии лазерҳои инжексионӣ дар асоси гетеросохторҳои AIIIВV» рисолаи докториро ҳимоя намуд. Барот Махсудов мутахассиси варзидаи соҳаи электроникаи квантӣ мебошад. Самтҳои тадқиқотҳои илмии Махсудов Б.И. ба омӯзиши хосиятҳои нурафкании лазерҳои нимноқилӣ дар асоси гетеронаносохторҳо, амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зист, нурҳои кайҳонӣ равона шудаанд. Махсудов Б.И. бо маҳорати баланди омӯзгори аз фанҳои физикаи атом, физикаи ҳаста ва курсҳои махсус ба донишҷӯёни курсҳои 3-5-ӯми факултет дарс мегӯяд.

Махсудов Барот зиёда аз 80 номгӯи дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи Россия, ИМА, Олмон ва Ҷопон, инчунин дар маводҳои конференсияҳои милли ва байналмилалӣ чоп шудаанд, аз ҷумла 1 монография. Китоби дарсии ӯ «Асосҳои физикаи атому ҳаста ва дозасанҷӣ» ва се дастури таълимиро ба чоп расондааст.

Китобҳо (Монография)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Нарзиев Ҳ. Махсудов Б.И. Асосҳои физикаи атому ядро ва дозасанҷӣ. - Душанбе:«Эрграф», 2014. - 465с.
  2. Муллоев Н.У. Махсудов Б.И. Лазерҳо. Лазерҳо дар тиб. - Душанбе:«Андалеб», 2015. - 112с.
  3. Махсудов Б.И. Деградационные и радиационные процессы в инжексионных лазерах.(Монография) - Душанбе:«Эрграф», 2016. - 88 с.

Дастури таълимӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Махсудов Б.И., Аббосов О., Шукуров Я.,Шухиев С., Қурбонова Ҳ. Корҳои лабораторӣ аз физикаи ҳаста. - Душанбе:«Эрграф», 2016. - 142 с.
  2. Махсудов Б.И., Хоҷаев Ю.П., Қурбонова Ҳ., Корвонбеков А. Корҳои лабораторӣ. Усулҳои таҷрибавии физикаи ҳаста. Физикаи ҳаста - Душанбе:«Эрграф», 2018. - 142с.